00:56 21 сентябри 2017
Пахши мустақим
Тафтишот ва ҷустуҷӯи Банда GTA

Аъзои дар Тоҷикистон дастгиршудаи “Банда GTA” дар бораи ду куштори дигар нақл намуд

© Sputnik / Рамиль Ситдиков
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
13 0 0

Ҷинояткорон рӯзона чун коргарони одии муҳоҷир кар мекарданд, шабона бошанд “ба кор” мебаромаданд. Як шаб онҳо ду зодаи дигари Осиёи Марказиро барои ба даст овардани автомобили онҳо ба қатл расониданд.

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Дар парвандаи машҳургаштаи "банда GTA", ки дар вилояти назди Маскав якчан куштор ба амал оварда буд, маълумотҳои тоза пайдо гардиданд.
Яке аз ҷинояткорони аъзои дастаи "банда GTA", ки дар Тоҷикистон дастгир шудааст, ба тафтишот маълум кард, ки ҷисми ду қурбонии дигарро аз куҷо пайдо кардан мумкин аст, хабар медиҳад Life.ru.

Ба гуфтаи вай ҷинояткорон ду нафар шаҳрвандони Осиёи Марказиро, ки дар вилояти назди Маскав ронандаи таксӣ шуда кор мекарданд, ба қатл расониданд.
Чуноне ки намояндаи расмии Кумитаи тафтишоти Русия Владимир Маркин хабар медиҳад аъзоёни "банада GTA " рӯзона ба мисли коргарони оддӣ кор мекарданд, шабҳагом "ба кор" мебаромаданд.

"Онҳо дар ҳақиқат ҳам маккорона амал мекарданд. Сардори онҳо хело тайёрии ҷиддӣ дида буд. Чун муҳоҷирони кории оддӣ дар дасти сарварони худ кор мекарданд, ягон фарқият надоштанд, комилан фармонбардор буданд, аммо шабона ба мисли гургон ба шикори худ мебароманд"- нақл кард Маркин дар сӯҳбат бо радио "Вести FM"


Ба гуфтаи вай сарвари банда нақшаи аниқ дошт: агар "дар кор" чизе ғайри нақшаи онҳо ба амал ояд, пас онҳо ҷойи ҳодисаро тарк мекарданд.
Ба сифати мисол Маркин ҳодисаеро гуфт, ки боре онҳо соҳиби мошинеро куштанд, аммо маводҳои арзишноки онро гирифта натавонистанд. Зеро дар наздики мошини дигаре таваққуф намуд.

Якчанд кушторҳои вазнине, ки солҳои 2012-2014 дар вилояти назди Маскав ба вуҷуд омад, гузашта аз ин бисёре аз онҳо дар кӯчаи М-4 "Дон" ба вуҷуд омадааст: ҷинояткорон дар кӯча симчаҳоро паҳн мекарданд ва пас ронандаҳои барои таъмир истодаро мекуштанд ва амволи онҳоро мегирифтанд.
Ҳоло дар бораи ин ҷиноят тафтишоти судӣ давом дорад, 7 нафар ҷинояткорон ба додгоҳ кашида шудаанд. Сарвари гурӯҳ, ки ҳангоми боздош кардан муқовимати силоҳӣ нишон дод, кушта шудааст.

Солҳои 2012-2014 дар вилояти назди Маскав гурӯҳе ёфт шуданд, ки ба кушторҳои вазнин даст мезаданд. ВАО-и Русия онҳоро бо номи бозии машҳури компютерӣ "банда GTA" ном доданд.

Мувофиқи маълумоти тафтишот соли 2012 Ибайдулло Субҳонов дар вилояти назди Маскав бандаи худро ташкил намуд. Бар таркиби он на камтар 15 аъзоён аз кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбакистон дохил мешуданд.

 

 

 

Барчаспҳо:
ду куштори дигари "Банда GTA", Владимир Маркин, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ