00:50 21 сентябри 2017
Пахши мустақим
Нуқтаи сарҳадӣ. Акс аз бойгонӣ

ИМА гузаргоҳи нави сарҳадиро дар марзи Тоҷикистону Ӯзбакистон сарпарастӣ мекунад

© Flickr/ The U.S. Army
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
8 0 0

Лоиҳаи мазкур, ки дар вилояти Сурхандарёи Ӯзбакистон кушода шудааст, ки дар мубориза бо ҷараёни муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва қочоқ ба воситаи сарҳад барои манфиатҳои ҳар ду кишвар ҳам муфид аст.

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Дар ташкил додани нуқтаи нави байнисарҳадӣ дар байни кишварҳои Ӯзбакистону Тоҷикистон аз тарафи Фармондеҳии марказии нерӯҳои мусаллаҳи Амрико (CENTCOM) маблағгузорӣ карда мешавад, хабар медиҳад хадамоти матбуотии сафорати ИМА дар Тошканд.

"Ин лоиҳаи бомуваффақияти ӯзбакию амрикоӣ барои манфиатҳои ҳар ду кишвар дар муваффақ шудан ба мақсадҳои байналмиллалии мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва қочоқ ба воситаи сарҳади миллӣ хизмат мерасонад",- омадааст дар хабар.

Мувофиқи маълумотҳои ВАО-и марказӣ, сарҳади нав бо тамоми таҷҳизоти инфрострукторӣ муҷҷаҳҳаз гардонида шуда, дар рӯзҳои истироҳати гузашта дар ҳудуди ноҳияҳои Сариосиёи вилояти Сурхандарё дар ҷануби Ӯзбакистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.

Дар моҳи июл CENTCOM ба шӯъбаҳои Қӯшунҳои сарҳадии амнияти миллии Ӯзбакистон 6 адад воситаҳои нақлиётии гардонандаи MAN супорида буд.

Таъмин намудан бо нақлиёти боркашон дар чорчӯбаи созишномаи ҳамкориҳо дар мубориза зидди маводҳои мухаддир байни Ҷумҳурии Ӯзбакистон ва ИМА, ки соли 2001 ба имзо расидааст, баргузор гардид. Дар тамоми соли 2015 ба Ӯзбакистон 20 автомаштнаи боркашони дигар супорида шудааст.

 

Мавзуъ

$15 миллиони ИМА барои лоиҳаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ
Барчаспҳо:
Дастгирии ИМА дар кушодани нуқтаи сарҳадии нав, CENTCOM, Осиё

Мавзӯъҳои асосӣ