14:52 25 марти 2017
Пахши мустақим
Қувваҳои мусаллаҳи Афғонистон. Акс аз бойгонӣ

Низомиёни Афғонистон 25 толибро нобуд карданд

© AP/ Massoud Hossaini
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
12 0 0

Дар ноҳияиҳои алоҳидаи минтақаи Қундуз то ҳол даргириҳои мусаллаҳона идома дошта, амлаиёти озод намудани ин минтақа аз ҷониби нерӯҳои низомии Афғонистон идома доранд.

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Дар Қундузи Афғонистон то ҳол даргириҳои мусаллаҳонаи гурӯҳи радикалии Толибон ва қувваҳои мусаллаҳи Афғонистон идома доранд, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба шабакаи телевизионии Tolo.

"Сардори пулиси Қундуз генерал Қосим иттилоъ дод, ки 25 нафар аъзоёни Толибон зимни бархӯрди мусалаҳҳона бо қувваҳои мусаллаҳи кишвар нобуд карда шуданд",-навиштааст шабакаи телевизионӣ дар саҳифаи Twitter.

Ҳамчунин дар хабарномаи шабакаи телевизионӣ омадааст, ки ҷангиёни гурӯҳи мусалаҳона то ҳол ҳамларо идома дода, дар яке аз меҳмонхонаҳои шаҳр паноҳ мебаранд ва сарфи назар аз эълони НАТО дар бораи барқарор шудани назорати ҳукуматӣ дар шаҳр, Толибон ҳамлаҳоро идома дода истодаанд.

Шаби рӯзи душанбе гурӯҳи радикалии Толибон ба ҳуҷум гузашта вилояти Қундузро таҳти назорати худ қарор доданд. Хабар дода шуд, ки ҷангиёни гурӯҳи мусаллаҳ бинои Дирексияи миллии амнияти шаҳрро таҳти назорати худ қарор дода ба сӯи дигар биноҳои асосии адвлатӣ равон шудаанд.

Соли 2015 ин шаҳр таҳти назорати гурӯҳи муташакилонаи ҷиноии Толибон қарор дошт, вале баъди чанде озод карда шуд.

Авзоъи Афғонистон тайи моҳҳои охир ба таври куллӣ ноором шудаст. Ҳаракати радикалии "Толибон", ки қаблан қисми зиёди минтақаҳои аҳолинишинро ғасб карда буд, акнун ба шаҳрҳои бузург ҳуҷум мекунанд. Инчунин, дар ҳудуди ин кишвар таъсири гурӯҳи ҷиноии "Давлати исломӣ" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) зиёд шудааст.

Мавзуъ

ВАО: ҷангиёни Толибон ба шимоли Афғонистон ҳуҷум карданд
ВАО: “Толибон” ҷавобгарии такриш дар назди меҳмонхонаи Кобулро бар дӯш гирифт
Барчаспҳо:
озод кардани Қундуз, низомиёни афғон, 25 толиб кушта шуд, Толибон, Қундуз, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ