07:57 10 декабри 2016
Пахши мустақим
Маҳкумшуда. Акс аз бойгонӣ

Тоҷикистоние, ки даъват ба куштори “ғайримусалмонон кардааст, ҳукм мегирад

© Sputnik / Руслан Кривобок
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
16 0 0

Дар шабакаи иинтернетӣ як нафар тоҷик, ки дар вилояти Владимирский зиндагӣ мекард,даъвати шомил шудан ба гурӯҳи террористӣ мекард.Ҷинояткорро панҷ соли зиндон интизор аст.

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Шаҳрванди Тоҷикистон аз вилояти Владимирский барои давъвати хеш- куштори ғайримусалмонон ва ҳамроҳ шуданг ба гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ"(ДИ, мамнӯъ дар Тоҷикистон) ба додгоҳ кашида мешавад, хабар медиҳад прокуротураи минтақаъ.

"Хулосаи айбдоркунии парвандаи ҷиноии Фотеҳ Холиновро  муовини прокурори вилоят тасдиқ намуд ва ба додгоҳ равон кард.  Шаҳрванд дар содир намудани ҷинояти дар моддаи 205.2 қисми 2 КҶ ФР (Руирост даъват намудан ба терроризм) ишорагардида, айбдор карда мешавад",- омадааст дар хабар.

Мувофиқи ин модда гунаҳкор метавонад то панҷ сол аз озодӣ маҳрум карда шавад.

Тафтишот муайян кард, ки соли 2012 шаҳрванди Тоҷикистон Холинов ба деҳаи Степантсевои ноҳияи Вязанскии вилояти Владимирский омад ва иҷозаи истиқоматӣ гирифт. Пас аз истифодабари ҳамарӯзаи интернет дар шабакаи иҷтимоии "Одноклассники" саҳифаи худро кушод ва тирамоҳи ҳамон сол дар саҳифаи худ навори тарғибкунандаи амалҳои террористиро гузошт.

"Мувофиқи маълумотномаи мутахассис дар ин навор нишонаҳои барангезандаи содир намудани амалҳои ҷангҷӯёна- куштори гурӯҳи одамони "ғайримусалмон",  дохил шудан ба ташкилоти байналмииллалии террористии "Давлати исломӣ" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) ва иштирок дар амалҳои ғайриқонунии он,  дида мешавад",- хабар медиҳад прокуротура.

Мувофиқи маълумоти мақомоти назоратӣ Холназаров ба гуноҳи худ пурра иқрор шудааст. Парвандаи ҷиноиро Додгоҳи низомии вилояти Маскав дида мебарояд.

Барчаспҳо:
Амалҳои террористӣ, додгоҳ, Шаҳрванди Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ