13:47 10 декабри 2016
Пахши мустақим
Пойгоҳи 201-ум зимни омӯзиш. Акс аз бойгонӣ

Дар Тоҷикистон корвони аслиҳа ва маводи таркандаро нобуд карданд

© Sputnik / Саид Царнаев
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
7 0 0

Норинҷакандозони пойгоҳи ҳарбии 201-ум корвони шартиро зимни гузаронидани қисми калони аслиҳа боздошт намуданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Округи Ҳабрии Марказӣ.

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Дар рафти омӯзишҳои ҳарбӣ пойгоҳи 201-ум дар кӯҳҳои Тоҷикистон корвони силоҳдор ва лавозимоти ҳарбиро нобуд карданд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Округи Ҳарбии Марказӣ (ОҲМ).

"Норинҷакандозони пойгоҳи 201-уми русия мустақвар дар тоҷикистон дар пайи даргириҳои шабона корвони шартиро, ки ба гузаронидани силоҳ ва дигар лавозимоти ҷангӣ машғул буд, ногбуд кард",-омадааст дар иттилоия.

Дар умум дар омӯзишҳои шабона наздики 150 низомӣ иштирок карданд. Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар ҶТ калонтарин пойгоҳи ҳарбии ФР дар хориҷа буда, қисмҳои он дар шаҳрҳои Душанбе ва Қурғонтеппа мустақар мебошанд. Бар пояи тавофуқоти дуҷонибаи Маскаву Душанбе, ки соли 2012 имзо шуд, он то соли 2042 дар Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд.

Барчаспҳо:
омӯзиш, ОҲМ, пойгоҳи 201 Русия дар Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ