13:46 10 декабри 2016
Пахши мустақим
Муҳорибаи низомӣ. Акс аз бойгонӣ

Русия шартҳои оташбас дар Алеппоро номбар кард

© Sputnik / Андрей Стенин
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
14 0 0

Ба фикри Виталий Чуркин низоми оташбас дар қаламрави Алеппо дар сурати ҷудо шудани гурӯҳҳои мӯътадил аз террористон боқӣ хоҳад монд.

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Давомнокии низоми оташбас дар Алеппо аз бастани шартномаи дуҷониба байни гурӯҳҳо вобаста аст, мегӯяд намояндаи доимии Русия дар СММ Виталий Чуркин.

Қаблан ситоди кулли Русия хабар дода буд, ки дар Алеппо рӯзи 20 октябри соли равон аз соати 8.00 то 16.00 "танаффуси гуманитарӣ" эълон мешавад, замоне, ки низомиёни Сурия ва қувваҳои ҳавоии Русия ба ҳамла кардан хотима мебахшанд. Намояндагони СММ ҷонибҳоро ба оташбас дар давоми 48 соат барои ба аҳолӣ додани кӯмаки башардӯстона ва ёрии тиббӣ  даъват карданд.

"Мо якҷониба дар давоми 8 соат низоми оташбас ё таваққуф эълон кардем. Ба назари ман низоми оташбас дар давоми 48 соат ё 72 соат шартномаи тарафайнро талаб мекунад",-гуфт Чуркин ба рӯзномигорон.

Ба гуфти ӯ агар гурӯҳи мӯътадил аз террористони "Ҷанбҳа-ан-Нусра" ҷудо шаванд, низоми оташбас дар кишвар давомдор хоҳад буд. Дар чунин вазъият низоми оташбас метавонад доимӣ шавад.

"Вале мо шоҳиди ҳодисаҳое будем, ки гурӯҳи радикалии "Нусра" аз низоми оташбас истифода карда, силоҳ ҷамъ меоварданд ва  боз ба ҳуҷум мегузаштанд",-гуфт Чуркин.

Ба фикри ӯ дар набудани "ан-Нусра" натиҷаи оташбас бояд ба имзо расидани шартномаи дуҷониба бошад, байни гурӯҳҳои сулҳхоҳ ва террористон "он вақт ҳуҷуми низомӣ аз байн бардошта хоҳад шуд".

Агар гурӯҳҳои мухолиф ва террористонро яктарафа кунем, мо ба "Нусра" ду шарт пешниҳод хоҳем кард: ё ки онҳо шаҳрро холӣ мекунанд, ё ки онҳоро бояд мағлуб намуд",-хулоса кард Чуркин.

Мавзуъ

ВАО: қувваҳои ДИ дар Мосул зиёд гардидаанд
Барчаспҳо:
низоми оташбас, Виталий Чуркин, Сурия

Мавзӯъҳои асосӣ