19:08 06 декабри 2016
Пахши мустақим
Дональд Трамп. Акс аз бойгонӣ

Як миллион доллар: нархи ҳифзи Трамп ва оилааш дар як рӯз

© AP/ John Locher
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
140 0 0

Зимни ба Кохи сафед кӯчидани Трамп хароҷот кам нахоҳад шуд. Зани ӯ Меланя ва писари 10-солааш Бэррон то охири соли хониш дар қасри Trump Tower зиндагӣ хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Ҳукумати Ню-Йорк барои амнияти Трамп ва оилааш дар як рӯз зиёда аз 1 миллион доллари амрикоӣ ҷудо менамояд, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба шабакаи  CNN.

Чуноне шабакаи телевизионӣ қайд менамояд хароҷот то кӯчидани Трамп ва оилааш ба Қасри сафед кам нахоҳад шуд, чунки ҳамсари ӯ бо писари 10-солааш то охири соли хониш дар хонаи худ Trump Tower, ки дар ноҳияи Манхэттени Ню-Йорк ҷойгир шудааст, ба сар хоҳанд бурд. Доналд Трамп изҳор дошт, ки зуд зуд аз аҳволашон хабар мегирад.

Ба ин миқдор хароҷоти пулисҳо, ки фарзандони бузурги Трамп ва набераҳояшро,  муҳофизат мекунанд,  дохил мешавад, хабар дод намояндаи пулиси Ню-Йорк Ҷон Миллер ба шабакаи  WCBS.

Чуноне раиси шаҳри Ню-Йорк Билл Де Блазио изҳор дошт, барои нигоҳдории амнияти президент ба шаҳр маблағгузорӣ лозим аст. Ба қавли ӯ дар ояндаи наздик мақомоти шаҳрӣ ба ҳукумати федералӣ барои ҷуброни хароҷоти пулис муроҷиат мекунад.

Шабакаи телевизионии  CNN қайд менамояд, ки амнияти президенти навинтихобро  Хадамоти мафхӣ бар ӯҳда дорад. Ҳифзи президенти нав барои ҳукумати шаҳри Ню-Йорк вазнин аст, зеро ӯ дар маркази яке аз серодамтарин шаҳри дунё ба сар мебарад.

"Мо бо чунин вазъият, чун будубоши мунтазами президент дар Ню-Йорк қаблан рӯ ба рӯ нашуда будем",-гуфт раиси шаҳр. Ба гуфти ӯ мақомоти шаҳрдорӣ қаблан низ барои ҳифзи роҳбарони ҷаҳонӣ дар Ню-Йорк ҷуброн мегирифтанд. Ҳамин тавр санаи 30-юми июн мақомоти шаҳрдорӣ барои пӯшидани хароҷот  26 миллион доллар дар як сол гирифта буд, ки ба 500 ҳазор доллар дар як ҳафта рост меояд. Мири шаҳр қайд кард, ки аз ин ва баъд амниятро пурзӯр хоҳанд кард.

Дар ИМА санаи 8-уми ноябри соли равон интихоботи президентӣ гузаронида шуд. Ғолиби интихобот номзади ҳизби ҷумҳурихоҷон Доналд Трамп гардид.

Мавзуъ

Коршинос: Трамп дар бораи Тоҷикистон ва Узбакистон дониши "базавӣ" дорад
Барчаспҳо:
1 миллион доллар, 1 рӯз, ҳифзи президент, амният, Доналд Трамп, Ню-Йорк, Амрико

Мавзӯъҳои асосӣ