01:00 09 декабри 2016
Пахши мустақим
Гулмурод Ҳалимов собиқ сардори ОМОН-и Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Гулмурод Ҳалимов-собиқ фармондеҳи ОМОН расман дар пайгард эълон шуд

© Sputnik
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
218 0 0

Вазорати корҳои дохилӣ рӯйхати шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки шомили гурӯҳи ҷиноии “Давлати Исломӣ” шудаанд, нашр кард

ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Дар рӯйхати нашршуда, номи собиқ фармондеҳи ОМОН-и Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов низ қарор дорад.

Рӯйхати шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба шомил будан ба гурӯҳи ҷиноии "Давлати Исломӣ" мутаҳҳам мешаванд, дар торномаи расмии Вазорати корҳои дохилии ҶТ бо аксҳояшон нашр гардидааст.

Дар рӯйхати Вазорати корҳои дохилӣ 40 нафар дар пайгард қарор дошта, миёни онҳо панҷ нафар намояндагони ҷинси латиф ва собиқ фармондеҳи ОМОН-и Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов қарор доранд.

Қаблан хабар дода шуд, ки Гулмурод Ҳалимов роҳбари низомии гурӯҳи фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи "Давлати Исломӣ"  интихоб шудааст.

Ҳукумати ИМА моҳи сентябри соли 2015 Ҳалимовро ба рӯйхати террористон дохил намудааст, моҳи феврали соли 2016 бошад вай ба рӯйхати таҳримҳои СММ дохил гардид.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл дар рафти корҳои вижаи мақомоти қудратии Туркия ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистонро бо ҷурми аъзои гурӯҳи ҷиноии "Давлати Исломӣ" будан, дастгир карданд.

Онҳо ният доштанд,тариқи Туркия ба хоки Сурия ворид шуда, шомили гурӯҳи террористии "Давлати Исломӣ" шаванд.

Мувофиқи маълумоти расмӣ, дар солҳои охир зиёда аз 1,4 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи гурӯҳи радикалии "Давлати Исломӣ" шомил шудаанд.

Мавзуъ

Кохи сафед: алайҳи Гулмурод Ҳалимов таҳрим ҷорӣ шуд
Раҳимзода гуфт, Гулмурод аз рафтанаш пушаймон аст
Барчаспҳо:
дар пайгард эълон шуд, Давлати Исломӣ, Гулмурод Ҳалимов, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ