01:00 09 декабри 2016
Пахши мустақим
Машқҳои муштараки Тоҷикистону Русия. Акс аз бойгонӣ

Даҳ ҳазор низомӣ ва 1,5 ҳазор адад техника: тамриноти низомиёни рус дар Тоҷикистон

© Sputnik
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
7901

Дар рафти омӯзиш зиёда аз 10 ҳазор низомиёни Тоҷикистону Русия ва беш аз 1,5 ҳазор адад техника ҷалб карда шуданд

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Ҳарбиёни пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон дар барномаи машқҳои тактикӣ таҳти унвони "Шит-2016" иштирок карданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ОҲМ.

Ба омӯзиши муштарак зиёда аз 10 ҳазор низомиёни Тоҷикистону Русия ва беш аз 1,5 ҳазор адад техника ҷалб карда шуданд.

Дар давоми се рӯзи тамрин мақомоти қудратӣ  ҳалли  вазъияти бӯҳрониро машқ  карданд.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки диққати асосӣ ба иҷрои амалиёти муштарак бо низомиёни вазорати мудофиа, сарҳадбонон ва артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шуд.

Пойгоҳи низомии 201-уми ФР бузургтарин иншооти ҳарбии Русия дар хориҷ аз он кишвар маҳсуб меёбад. Ҷузву томҳои он дар шаҳрҳои Душанбе ва Қӯрғонтеппа мустақар мебошанд. Моҳи сентябри соли равон иқтидори пойгоҳ бо ҳузури чархболҳои низомӣ дар фурудгоҳи Айнӣ, 30 километрии Душанбе тақвият ёфт. Бар пояи тавофуқномаи дуҷонибаи ФР ва ҶТ аз соли 2012, пойгоҳи 201-ум то соли 2042 дар қаламрави Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Мавзуъ

Низомиёни ФР ва Тоҷикистон дар рафти тамринот 500 “террорист”-ро нобуд карданд
Барчаспҳо:
машқҳои муштараки ҳарбӣ, ОҲМ-и Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ