22:31 16 августи 2017
Пахши мустақим
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар Санкт-Петербург зимни ҷаласаи сарони аъзои СПАД

СПАД ба Тоҷикистон барои таҳкими сарҳад кӯмак мекунад

© Sputnik / Михаил Климентьев
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
93 0 0

Дар ҷаласаи муштараки сарони давлатҳои аъзои СПАД масъалаи бадшавии вазъият дар сарҳади Афғонистону Тоҷикистон ва роҳҳои кӯмак ба Тоҷикистон баррасӣ шуданд

ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Сарони кишварҳо роҳҳои таҳкими сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистонро муҳокима намуданд.

Дар бораи ин дабири кулли Созмони Аҳдномаи дастаҷамъӣ Николай Бордюжа баъди ба итмом расидани ҷаласа, дар Санкт-Петербург изҳор дошт.

Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон, акс аз бойгонӣ
© Sputnik / Алексей Дружинин

"Масъалаи бадшавии вазъият дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва роҳҳои кӯмак ба Тоҷикистон дар самти таҳкими сарҳад, махсусан ба пуррагӣ  баррасӣ гардид",-илова кард Бордюжа.

Президенти Русия Владимир Путин изҳор дошт, ки мушкилот дар ҷаҳон кам намешавад ва муноқишаҳои дерина ба пуррагӣ ҳалли худро намеёбанд.

"Мо медонем, ки авзои аксари минтақаҳои ҷаҳон чӣ гуна аст. Шумораи  мушкилоти "гарм" кам намешавад, муноқишаҳои дерина мутаассифона дар он сатҳе, ки хоҳиши ҳалли онҳо аст, ҳал намешаванд",-изҳор дошт Путин.

Ӯ қайд кард, ки сухан дар бораи Афғонистон, Сурия ва дигар минтақаҳо меравад, хабар медиҳад РИА Новости.

Ҳамчунин президенти Русия ба ҳамтоёни  худ роҳҳои ором намудани вазъият дар Сурия ва ҳамкориҳои Туркия ва Эронро нишон дод.

Ба гуфти Бордюжа дар умум дар рафти ҷаласа диққати асосӣ ба вазъияти ҳарбӣ-сиёсии ҷаҳон дода шуд.

Мавзуъ

Бордюжа: СПАД бо НАТО ҷанг намекунад, вале аз ҳамла хавф надорад
СПАД дар Душанбе ҳамкориҳои низомии кишварҳои аъзоро баррасӣ мекунад
Кишварҳои СПАД низоми дифоъи ҳарими ҳавоиро нав мекунанд
Барчаспҳо:
муноқишаҳои ҷаҳонӣ, таҳкими сарҳад, баррасии масъалаҳои сарҳадӣ, СПАД, Владимир Путин, Эмомалӣ Раҳмон, Санкт-Петербург, Афғонистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ