22:33 16 августи 2017
Пахши мустақим
Николай Бордюжа-собиқ дабири кулли СПАД. Акс аз бойгонӣ

Николай Бордюжа дабири кулли СПАД вазифаашро тарк кард

© Sputnik / Максим Блинов
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
112 0 0

Курсии Бордюжаро муваққатан генерал-полковник Валерий Семериков соҳиб мешавад

ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Николай Бордюжа вазифаи дабири куллии Созмони паймони амнияти дастаҷамъиро тарк мекунад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти СПАД. Шурӯъ аз ирӯз Валерий Семериков ин симматро соҳиб мешавад.

"Дар робита бо ба итмом расидани мӯҳлати ваколати дабири кулли СПАД санаи 31-уми декабри соли 2016, вазифаи  мазкур бар дӯши муовини дабири кулл Семериков Валерий Анатолевич гузошта мешавад",-омадааст дар хабарнома. 

Бордюжа вазифаи роҳбарии СПАД-ро аз соли 2003 инҷониб бар ӯҳда дошт. Моҳи декабри соли 2015 дар ҷаласаи якҷояи СПАД қарор оиди тамдиди мӯҳлати роҳбарӣ то 1 январи соли 2017 қабул карда шуд.

 

СПАД дар асоси Шартномаи амният, ки 15 майи соли 1992 аз ҷониби кишварҳи ИДМ ба имзо расида буд, ташкил гардид. Ба ин созмон Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон шомиланд.

Мувофиқи маълумоти СПАД, Семериков Ваерий Анатолевич 28-уми июни соли 1954 дар вилояти Киров ба дунё омадааст.
Соли 1975 мактаби олии Киев бо ихтисоси муҳандиси танкиро хатм карда, ба Қувваҳои сарҳадии КГБ ИҶШС барои адои вазифа равон карда шуд. Дар давоми 11 сол дар артиши паси Байкал хизмат кардааст. Баъди хатми Академияи низомӣ фаъолияташро дар идораи марказии Хадамоти сарҳадбонӣ идома дод.

Соли 1977 баъди хатми Академияи ситоди  генералии ФР сардори ситоди Хадамоти сарҳадбонии Руия таъин гардид.

Аз соли 2003 то ин дам ба ҳайси муовини дабири кулли СПАД фаъолият мекунад. Иштирокчии ҷанги Афғонистон буда, бо нишонҳои гуногун қадрдонӣ шудааст.

Мавзуъ

Бордюжа: СПАД бо НАТО ҷанг намекунад, вале аз ҳамла хавф надорад
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Николай Бордюжа дар Душанбе
Николай Бордюжа бо президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон вомехӯрад
Барчаспҳо:
дабири кулли СПАД, тарки вазифа, ба истеъфо рафтан, СПАД, Валерий Семериков, Николай Бордюжа, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ