11:59 16 декабри 2017
Пахши мустақим
Нобуд сохтани маводи мухаддир дар Тоҷикистон

КДАМ: 71 кг маводи мухаддир мусодира шуд, ҷинояткорони афғон паноҳ бурданд

Sputnik
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
5901

Дастгиршудагон аъзоёни гурӯҳи ҷиноятии фаромиллӣ мебошанд, хабар медиҳад намояндаи маркази иттилоотии Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар

ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik.Кормандони кумитаи амниятии Тоҷикистон дар рафти амалиёти махсус дар қисми ҷанубии кишвар зиёда аз 71 кг маводи мухадирро мусодира намуданд, хабар дод ба РИА Новости намояндаи маркази матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон.

"Кормандони Раёсати КДАМ дар вилояти Хатлон дар бораи аъзоёни гурӯҳи қочоқчиёни фаромиллӣ бо роҳбари шаҳрванди Афғонистон Камолуддин Тӯтӣ, ки мехостанд ба воситаи сарҳад ба  Тоҷикситон миқдори зиёди маводи мухадирро интиқол диҳанд, маълумоти фаврӣ гирифтанд",- гуфт вай.

Ба гуфтаи вай, шаби чоршанбе қочоқчиён хостанд аз Афғонистон ба Тоҷикистон ба воситаи ноҳияи Ҳамадонӣ ворид шаванд, аммо аз тарафи намояндагони сохторҳои қудратӣ боздошт гардиданд.

"Байни нерӯҳои амниятӣ ва ҷинояткорон оташфишонӣ ба амал омад, Камолуддин ва ҳаммаслаконаш аз торикии шаб истифода бурда, аз ҷойи ҳодиса ғайб заданд",- хабар дод ҳамсӯҳбати оҷонсӣ. Номбурда афзуд, ки худи ҳамон шаб ду автомашинаи шубҳанок пай бурда шуд. Кормандон онҳоро боздошт намуданд, ки ронандагони автомашинаҳо яке аз ноҳияи Ҳамадонӣ ва дигаре сокини шаҳри Кӯлоб буд.

"Дар вақти гузаронидани чораҳои опертивӣ боз панҷ нафар аъзоёни гурӯҳи ҷинояткор дастгир шуданд, ки дар яке аз хонаҳои нимсохт 71,7 кг маводи мухадирро оварда пинҳон намуда буданд", — гуфт намояндаи маркази матбуотӣ.

Аз рӯйи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз гардида, чораҳои тафтишотии дахлдор гузаронида мешавад.

Барчаспҳо:
гурӯҳи ҷоноӣ, сарҳад, маводи мухаддир, мусодира, КДАМ, Афғонистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ