Рамазон Раҳимзода садумин солгарди таъсиси Неруҳои интизомии Белорусро ба Игор Шуневич табрик гуфт

© Фото : Аз дафтари матбуоти ВКД ҶТТӯҳфаи Вазири вазорати корҳои дохилии ҶТ ба ҳамтои белорусаш
Тӯҳфаи Вазири вазорати корҳои дохилии ҶТ ба ҳамтои белорусаш - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири корҳои дохилии ҶТ Рамазон Раҳимзода садумин солгарди таъсиси Неруҳои интизомии Белорусро ба ҳамтояш Игор Шуневич табрик гуфт

ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Сипаҳбад Рамазон Раҳимзода дар барномаҳои ҷашни садумин солгарди таъсиси Неруҳои интизомии Белорус дар шаҳри Минск ширкат карда ва ҳадяҳое ба сипаҳбад Игор Шуневич ва бархе аз афсарони баландпояи Неруҳои интизомии он кишвар тақдим кард. 

Бино ба иттилои дафтари матбуотии ВКД ҶТ, вазири корҳои дохилии Белорус сипаҳбад Игор Шуневич низ ҳамтои тоҷикашро бо нишони ёдбуди ҷашни "100-умин солгарди таъсиси неруҳои интизомии Белорус" сарфароз карда ва аз ҳамкориҳои Тоҷикистон дар пайкор бо табаҳкориҳои фаромиллӣ сипосгузорӣ кардааст.

Дар чорчӯби ҷашни садумин солгарди таъсиси неруҳои интизомии Белорус нахустин режаи низомии кормандони ин ниҳод низ баргузор шуд.

 

© Фото : Аз дафтари матбуоти ВКД ҶТГузашти низомӣ дар Белорус
Гузашти низомӣ дар Белорус - Sputnik Тоҷикистон
Гузашти низомӣ дар Белорус

Дар ин режа беш аз 1200 тан аз кормандони Раёсати кулли корҳои дохилӣ, Идораҳои корҳои дохилӣ дар вилоятҳо, Неруҳои ошӯбнишон, Пулиси роҳ, Идораи зиндонҳо ва иҷрои кайфар, Бахши нигаҳбонӣ, донишҷӯёни омӯзишгоҳҳои интизомӣ, Донишгоҳи ВКД Ҷумҳурии Белорус ва низомиёни Неруҳои дохилӣ ширкат карданд.

Лентаи хабарҳо
0