14:38 29 майи 2017
Пахши мустақим
Боздошти муттаҳамон, акс аз бойгонӣ

Шаш муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ дар Петербург ба иттиҳоми даст доштан дар теруризм боздошт шуданд

ФСБ РФ
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
Инфиҷор дар метрои Санкт-Петербург (15)
12910

Бозҷӯён муайян кардаанд, ки ин боздоштшудагон аз моҳи ноябри соли 2015 то кунун чанде аз муҳоҷирон аз Осиёи Марказиро барои судури амалиёти теруристӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои теруристии "Ҷабҳат ун-нусра" ва "Давлати исломӣ" ҷалб кардаанд

ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Идораи кулли бозҷӯии Кумитаи бозҷӯии Русия иттилоъ медиҳад, ки шаш муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ дар шаҳри Санкт-Петербург ба иттиҳоми ҳамдастӣ дар судури амалиёти теруристӣ боздошт шуданд.

Бино бар иттилоъи ин ниҳод, бозҷӯёни КБР имрӯз, 5 апрел дар раванди амалиёти бозҷӯии муштарак бо коршиносони Созмони федролии амният ва Вазорати умури дохилаи Русия ва нерӯҳои вижаи Горди миллӣ шаш шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ боздошт шуданд. Гуфта мешавад, ки онҳо муҳоҷироне ҳастанд, ки барои кор ба Русия омада будаанд.

Бозҷӯён муайян кардаанд, ки ин боздоштшудагон аз моҳи ноябри соли 2015 то кунун чанде аз муҳоҷирон аз Осиёи Марказиро барои судури амалиёти теруристӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои теруристии "Ҷабҳат ун-нусра" ва "Давлати исломӣ" ҷалб кардаанд

Ҳамакнун манзилу маҳалли кори ин муҳоҷирон бозрасӣ мешавад ва масъалаи боздошти онҳо дар дасти баррасӣ аст.

Дар ин росто РИА Новости аз сафорати Қирғизистон дар Маскав иттилоъ гирифта, ки шаҳрвандони ин кишвар дар миёни ин боздоштшудагон нестанд.

Мавзуҳо:
Инфиҷор дар метрои Санкт-Петербург (15)
Барчаспҳо:
шаҳвранди хориҷӣ, боздошт, ФСБ, Санкт-Петербург, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ