23:42 18 декабри 2017
Пахши мустақим
Мудири Созмони федеролии амнияти Русия Александр Бортников. Акс аз бойгонӣ

Мудири ФСБ: Ҳастаи аслии гурӯҳҳои теруристиро муҳоҷирон ташкил медиҳанд

© Sputnik / Михаил Климентьев
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
4311

Ҳастаи аслии гурӯҳҳои теруристиеро, ки дар сарзамини Русия фаъолият доранд, шаҳрвандони ҷумҳуриҳои узви Иттиҳодияи кишварҳои ҳамсуд ташкил медиҳанд, ки дар миёни муҳоҷирони корӣ вориди қаламрави ин кишвар шудаанд

ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Александр Бортников, мудири Созмони федеролии амнияти Русия (ФСБ), гуфт, иттилоъоте дар даст аст, ки собит мекунанд фармондеҳони созмони теруристии "Давлати исломӣ" (ДОИШ) барои баргузории амалиёти теруристӣ дар Русия барномарезӣ доранд.  

Мудири Созмони амнияти Русия тавзеҳ дод: "Дар паи баррасиву таҳлили иттилоъоти мавҷуд ошкор шуда, ки ҳастаи аслии гурӯҳҳои теруристиеро, ки дар сарзамини Русия фаъолият доранд, шаҳрвандони ҷумҳуриҳои узви Иттиҳодияи кишварҳои ҳамсуд ташкил медиҳанд, ки дар миёни муҳоҷирони корӣ вориди қаламрави кишвар шудаанд".

Вай гуфт: бархе аз ин афрод дар сохторҳои байнулмилалии теруристӣ дар Сурия ва Ироқ омӯзиш дида ва дар ҷангҳо ширкат кардаанд.

Бортников дар ин росто бар ташдиди тадобири амниятӣ дар марзу гузаргоҳҳои марзӣ ва контроли рафту омади мусофирону муҳоҷирон барои ошкоорсозии гумоштаҳои созмонҳои теруристӣ таъкид кард.

"Бояд чораҳое барои афзоиши посухгӯии масъулон ва сохторҳое андешид, ки иҷрои қонунҳои муҳоҷиратиро контрол мекунанд ва неруи муҳоҷиронро ба кор мебаранд. Дар ин кор кумисюнҳои зиддитеруристии маҳаллҳо низ бояд дар канори ниҳодҳои давлатӣ фаъолона ширкат кунанд", — таъкид кард раиси Кумитаи миллии зиддитеруристии Русия.

Барчаспҳо:
теруризм, ФСБ, Александр Бортников, Осиёи Марказӣ, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ