03:36 27 июни 2017
Пахши мустақим
مسوول نظامی طالبان در کندز بازداشت شد

Як фармондеҳи калидии Толибон дар шимоли Афғонистон боздошт шуд

© Sputnik / Zafarsha Rouyee
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
20901

Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон аз боздошти як фармондеҳи калидии гурӯҳи "Толибон" дар шимоли Афғонистон хабар медиҳад, ки мехоста ба созмони теруристии "Давлати исломӣ" (ДОИШ) дипайвандад

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Ба гузориши дафтари расонаии Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон, як саркардаи гурӯҳи "Толибон", ки бар 80 ҷангҷӯ фармондеҳӣ дошта, дар вилояти Ҷузҷон боздошт шудааст.

Ин фармондеҳи "Толибон"-ро, ки Ахтар Муҳаммад Билол ном дорад ва дар чандин ҳамла бар корвонҳои кишварӣ ва лашкарӣ, одамрубоӣ ва мингузорӣ дар канори роҳ даст дошта, нерӯҳои амниятии вилояти Ҷузҷон боздошт кардаанд. Ӯ дар бозҷӯӣ эътироф карда ки ахиран қасд дошта ба дастури раҳбарони "Толибон" бо мулло Ҳикматуллоҳ — яке аз фармондеҳони ДОИШ дар он вилоят бипайвандад.

Амнияти миллӣ мегӯяд, гурӯҳи ҳаросафкани "Толибон" бо истифода аз токтикҳои нав қасд дорад то бо пайвастан ба ДОИШ, чеҳра бадал карда ва фаъолиятҳои теруристияшро зери парчами ДОИШ анҷом диҳад.

Мавзуъ

Сарфармондеҳи гурӯҳи Толибон дар Афғонистон кушта шуд
Барчаспҳо:
ДОИШ, Толибон, ДОИШ, Толибон, Ахтар Муҳаммад Билол, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ