07:03 26 апрели 2017
Пахши мустақим
Аброр Азимов дар Суди ноҳияи Басман

Азимов эътироф кард, ки инфиҷор дар метрои Петербургро омодасозӣ кардааст

© Sputnik / Рамиль Ситдиков
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
9010

Додгоҳи шаҳри Маскав қарор дод, ки бозҷӯён бояд дар муддати 45 рӯз Аброр Азимовро расман мутаҳҳам ба омодасозии инфиҷор дар метрои Санкт-Петербург кунад

ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Аброр Азимов, ки дирӯз дар яке аз шаҳракҳои канори Маскав боздошт шуда буд, эътироф карда, ки дар омодасозии инфиҷор дар метрои Санкт-Петербург даст дошта аст.

Дар ин бора вакили мудофеъаш Армен Задоян хабар додааст.

Додгоҳи шаҳри Маскав қарор дода, ки бозҷӯён бояд дар муддати 45 рӯз Аброр Азимовро расман мутаҳҳам ба омодасозии инфиҷор дар метрои Санкт-Петербург кунад. Додгоҳ 18 апрел Азимовро то 3 июн боздошт карда буд.

Ҳоло вай ҳамчун гумонбаршуда боздошт шудааст. "Хулосаи айбдоркунӣ  бояд аз ҷониби татишот дар мӯҳлати 45 рӯз пешниҳод шавад, дар ҳолати баракс мӯҳлати ҳабси пешакӣ дароз карда мешавад",- гуфт аз қарори суд Артур Карпов.

Аммо чуноне ки РИА Новости хабар медиҳад, боздоштшуда гуфтааст, ки немедонист дар амали террористӣ иштирок дорад.

"Ба ҳабси пешакӣ розиям. Дар бораи он, ки дар таркиш даст дорам- ман инро нагуфтаам.  Иштироки ман ҳаст, лекин бавосита. Ба ман фармон медоданд. Ман намедонистам, ки дар амали террористӣ иштирок мекунам",- гуфт Азимов дар суд.

Ҳоло маълум нест, ки ба вай чӣ фармон медоданд.

Бино ба иттилоъи ФСБ, боздоштшуда Аброр Азимов ном дорад ва соли 1990 дар яке аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ зода шудааст.


Созмони амниятии Русия Аброр Азимовро муттаҳам ба омодасозии Акбарҷон Ҷалилов карда, ки худро 3 апрел дар метрои шаҳри Санкт-Петербургро мунфаҷир карда буд. Аброр Азимов дар ноҳияи Одинсово дар вилояти Маскав боздошт шуда ва ба Кумитаи бозҷӯии Русия барои бозҷуст вогузор шудааст.

Ёдоварӣ мекунем, дар ҳамлаи интиҳорие, ки 3 апрел дар яке аз истгоҳҳои метрои Санкт-Петербург рух дод, 15 кас кушта ва беш аз 50 кас захмӣ шуданд. Ниҳодҳои амниятии Русия шаҳрванди қирғизтабори Русия Акбарҷон Ҷалилови 22-соларо омили ин ҳамла шинохтанд.

Ба иттиҳоми даст доштан дар ин ҳамла 6 муҳоҷир дар Петербург ва ду кас дар Маскав боздошт шуданд, ки яке аз онҳо шаҳрванди Тоҷикистон Содиқ Ортиқов аст.

Барчаспҳо:
ҳабси пешакӣ, Суди ноҳияи Басман, Аброр Азимов, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ