11:55 19 октябри 2017
Пахши мустақим
Вазири ВКД Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Рамазон Раҳимзода хостори баланд бардоштани мақоми зан шуд

© Фото: МВД РТ
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
25933

Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ҳангоми ошноӣ бо раванди таъмир дар Раёсати корҳои дохилӣ гуфт, ки мақоми зан бояд баланд бардошта шавад

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik.  Бино ба иттилоъи равобити умумии ВКД ҶТ, сипаҳбад Раҳимзода бо афсарон ва кормандони РКД дидор карда, фаро расидани 20-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллиро ба онҳо табрик гуфт.

Рамазон Раҳимзода таъкид кард, ки кормандони милиса бояд беш аз пеш дар таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таҳкими сулҳу субот дар кишвар саҳмгузор бошанд.

"Сипаҳбад Раҳимзода дар бораи ҷалби нерӯи ҷавонон ба пешгирӣ аз ҷинояткорӣ, ҷалби аҳолӣ ба ҳалли мушкилоти ҷомеа, баланд бардоштани нақши зан сухан гуфт ва ба масъулин вазифаҳои мушаххас дод", — омадааст дар иттилоъия.

Кормандони милиса гуфтанд, ки барои Ватан софдилона хизмат мекунанд.

Вазири корҳои дохилӣ аз корҳои таъмиру таҷдиди раёсат ва гирду атрофи он дидан намуда, аз сифат ва натиҷаи корҳо қаноатмандӣ изҳор кард.

Ин сохтмон бо дастгирии ҳукумати шаҳр, роҳбарияти Вазорат ва корёриву саҳмгузории кормандон комилан таъмир шудааст.

Мавзуъ

Дарси Рамазон Раҳимзода ба милисаҳои ҷавон: интернетдон шавед
Раҳимзода Рамазон ба милисаҳои тоҷик: забонҳои хориҷӣ омӯзед
Рамазон Раҳимзода ба муҳоҷирон: мушкилотатонро ба Эмомалӣ Раҳмон мерасонам
Барчаспҳо:
ошно шудан, ВКД-и Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ