21:54 13 декабри 2017
Пахши мустақим
Ҷаласа дар ВКХ ҶТ

Шерхон Салимзода дар бораи ҳамкории милисаҳои тоҷик ва СММ гуфт

© Фото: Аз равобити умумии ВКХҶТ
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
114 0 0

Мудири Ожонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддир-Шерхон Салимзода дар бораи вазъи маводи мухаддир дар Тоҷикистон ва ҳамкории умури дохилаи кишвар бо СММ гузориш додааст

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ВКХ ҶТ, 30 июн дар ин ниҳод бо ширкати намояндагони сохторҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва васоити ахбори оммаи хориҷиву маҳаллӣ ҷаласае дар мавзӯи "Шарҳи вазъи маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016" баргузор гардидааст.

Дар ин ҷаласа Шерхон Салимзода, мудири Ожонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддир  дар бораи вазъи маводи мухаддир дар ҷумҳурӣ ва ҳамкориҳои милисаҳои тоҷик бо СММ маълумот додааст.

"Шерхон Салимзода шарҳи вазъи маводи мухаддир дар кишварро муаррифӣ намуда, оид ба ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар бо шарикони байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар соҳаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар маълумот дод", — омадааст дар иттилоъия.

Дар ин нишаст роҳбари Дафтари минтақавии UNODC дар Осиёи Марказӣ хонум Ашита Миттал ҳам, ширкат кардааст.

Бино ба иттилоъи манбаъ, ӯ дар бораи фаъолияти созмон ва татбиқи Барномаи минтақавӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он дар соли 2016 гузориш додааст.

Қаблан хабар дода шуд, ки намояндаи вазорати умури дохилаи Русия дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир бо вазири умури дохила ва мудири Ожонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Тоҷикистон дидор кардааст. 

Мавзуъ

Русия ва Тоҷикистон мубориза бо қочоқи маводи мухаддирро густариш медиҳанд
Рустам Эмомалӣ бо маводи мухаддир дар Душанбе мубориза мебарад
Гумруки Тоҷикистон аз қочоқи беш аз 10 килуграм маводи мухаддир ҷилавгирӣ кард
КДАМ: 71 кг маводи мухаддир мусодира шуд, ҷинояткорони афғон паноҳ бурданд
Барчаспҳо:
Ожонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, Шерхон Салимзода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ