Сафаров: ҲНИТ дар хориҷ ҳам амнияти Тоҷикистонро таҳдид мекунад

© Sputnik / Амир ИсаевСайфулло Сафаров, архивное фото
Сайфулло Сафаров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Давлати Тоҷикистон бояд аз такрори вазъияти Ироқу Сурияву Либӣ дар кишвар пешгирӣ кунад, мегӯяд муовини аввали мудири Маркази пажӯҳишҳои роҳбурдии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. "Фаъол шудани Ҳизби мамнуъи наҳзати исломӣ дар хориҷ аз кишвар амнияти миллии Тоҷикистонро таҳдид мекунад", — гуфт муовини аввали мудири Маркази пажӯҳишҳои роҳбурдии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров дар нишасти расонаӣ дар шаҳри Душанбе.

"Давлати Тоҷикистон барои пешгирӣ аз вазъе, ки дар Ироқу Сурияву Либӣ пеш омадааст, иқдомҳои заруриро амалӣ кунад", — гуфт Сафаров.

Донишҷӯёни тоҷик зидди ҳузури ҲНИТ ва Гурӯҳи 24 дар ҷаласаи Варшава эътироз карданд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Донишҷӯёни тоҷик зидди иштироки ҲНИТ дар ҷаласаи САҲА эътироз мекунанд

Вай таъкид кард, ки дар бархе аз кишварҳо, аз ҷумла, дар кишварҳои урупоӣ, дар равобит бо созмонҳои мухолифи давлатҳои дигар кишварҳо аз стандартҳои дугона кор мегиранд.

"Дар оянда ин гурӯҳҳои мухолифу тундрав, ки дар миёнашон родиколҳо низ ҳастанд, амнияти худи кишварҳои Урупор о таҳдид хоҳанд кард", — гуфт Сафаров.

"Иқдомоте, ки гурӯҳҳои мухолиф дар Олмон амалӣ кардаанд, дар равобити Тоҷикистон бо он кишвар таъсир нахоҳанд кард", — таъкид кард муовини аввали мудири Маркази пажӯҳишҳои роҳбурдии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон

Лентаи хабарҳо
0