21:22 20 сентябри 2017
Пахши мустақим
Рамазон Рахимзода, акс аз бойгонӣ

ВКД: мардум ба Рамазон Раҳимзода эътимод дорад

Предоставлено Мавзуной Абдуллоевой
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
29610

Дар муддати ним сол ба телефони боварии вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода - 1070 кас занг задааст

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Вазорати корҳои дохилаи ҶТ, фаъолияти телефонҳои боварии Вазоратро дар нимсолаи аввали соли 2017 ҷамъбаст кардааст.

Бино ба иттилоъи манбаъ, дар давоми ним сол ба телефонҳои боварии мақомоти корҳои дохилӣ 1791 муроҷиат ворид шудааст.

Аз ин шумор 709 муроҷиат дар бораи содиршавии ҷиноят ва 334 оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ мебошад.

Манбаъ меафзояд, ки ба телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ — 1070 нафар, ба телефони боварии сардори Раёсати ВКД дар ВМКБ — 23 нафар, ба телефони боварии сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд — 353 нафар, ба телефони боварии сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон — 317 нафар, ба телефони боварии сардори Раёсати ВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт — 6 нафар ва ба телефони боварии сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе — 22 кас занг задааст.

Манбаъ далели бештарин муроҷиатҳоро ба вазири корои дохилӣ, эътимоди комили шаҳрвандон ба Рамазон Раҳимзода медонад.

"Ба Вазири корҳои дохилӣ аз тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон муроҷиат менамоянд. Ин эътимоди комили шаҳрвандонро ба Вазири корҳои дохилӣ нишон медиҳад".   

Ҳамаи хабарҳои воридгардида мавриди санҷиши ҳаматарафа қарор мегиранд, вале на ҳамаи хабарҳо тасдиқи худро меёбанд.

Аз 1791 хабарҳои воридгардида, 454 хабар тасдиқ гардида, 1147 хабар тасдиқи худро наёфтааст ва санҷиши 190 хабар идома доранд.

Дар нимсола аз хабарҳои воридгардида 5 хабар оиди ҷинояти одамкушӣ, 5 хабар оиди таҷовуз ба номус, 173 хабар оиди дуздӣ, 200 хабар оиди лату куб, 10 хабар оиди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, 18 хабар оиди қаллобӣ, 3 хабар оиди сухтор, 2 хабар оиди ҷалби шаҳрвандон ба Сурия, 3 хабар оиди хариду фуруши одамон, 216 хабар оиди бар нагардонидани пули қарз, 27 хабар оиди гирифтани пора ва 45 хабар оиди дигар ҷиноятҳо мебошанд.

Манбаъ бо даъват ба ҳакорӣ рақамҳои телефони масъулини вазоратро нашр кардааст: 221-21-21 — Вазири ВКД, 221-15-00 — сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, 2-21-313 — сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, 2-263-038  - телефони боварии сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, 2-224-203 — телефони боварии сардори Раёсати ВКД дар ВМКБ, 2-21-21 —телефони боварии сардори Раёсати ВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт.   

Мавзуъ

Рамазон Раҳимзода хостори баланд бардоштани мақоми зан шуд
ВКД ҶТ: Милиса базаҳкориҳоро пинҳон намекунад
ВКД Русия дар Тоҷикистон сабаби ҷамъшавии мардумро шарҳ дод
ВКД Тоҷикистон аз кормандон талаб кард, ки аз фарбеҳӣ халос шаванд
Барчаспҳо:
ВКД-и Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ