05:28 25 июли 2017
Пахши мустақим
Сотрудник турецкой полиции, архивное фото

Туркия беш аз 2600 шаҳрванди Тоҷикистонро мамнуъ ул-вуруд кард

© REUTERS/ Umit Bektas
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
59 0 0

Ҷумҳурии Туркия вуруди 54 ҳазор кас аз шаҳрвандони 146 кишварро ба қалараваш мамнуъ кардааст

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Ҷумҳурии Туркия феҳристе аз афроди мамнуъ ул-вурудро мунташир карда, ки дар он номи беш аз 2 600 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон низ нигошта шудааст.

Дар гузориши ВУД Туркия, ки "Муборизаи Туркия бо ДОИШ" номгузорӣ шудааст, куллан 54 ҳазор кас аз шаҳрвандони 146 кишвар дар ин феҳрист номнавис шудаанд.

Аз миёни кишварҳои пасошуравӣ Русия бо 4 128 шаҳрванд дар ин феҳрист "болонишин" аст ва пас аз он Тоҷикистон бо 2 651 шаҳрванд дар ин феҳрист гунҷонда шуда ва Қазоқистон низ бо 1 914 шаҳрванд ин сегонаро такмил мекунад.

Вале бештар аз дигар кишварҳо дар ин феҳрист табаъаҳои Подшоҳии Арабистони Саъудӣ — 7523 кас — ворид шуда ва аз кишварҳои урупоӣ Фаронса бо 2622 шаҳрванд "пешнишин" аст. 

Номи ин касон ба далели иртибот бо теруристҳо ва убур аз манотиқи даргири ҷанг, дар феҳристи афроди мамнуъ ул-вуруд ба Туркия сабт шудааст.

Нерӯҳои амниятии Туркия ҳамчунин гузориш додаанд, ки аз оғози ҷанг дар Сурия то кунун 308 шаҳрванди Тоҷикистонро дар марз бо Сурия дар ҳоле, ки мехостаанд ба гурӯҳҳои ифротӣ бипайванданд, боздошт кардаву ба Душанбе вогузор кардаанд.

Мавзуъ

Расонаҳо: ДОИШ марги Абубакр ал-Бағдодиро таъйид кард
Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба ДОИШ пайвастааст
Нақли ҳамсарони ҷангиёни ДОИШ: ғуломӣ ва ночорӣ
Панҷ шарҳванди Тоҷикистон дар Абхозистон ба гумони узвият дар ДОИШ боздошт шуданд
Барчаспҳо:
мамнуъ ул-вуруд, феҳрист, Вазорати умури дохилаи Туркия, Тоҷикистон-Туркия

Мавзӯъҳои асосӣ