23:08 23 сентябри 2017
Пахши мустақим
Раҷаббой Аҳмадзода. Архивное фото

Аҳмадзода: ихтилофоти марзӣ миёни Тоҷикистону Узбакистон ҳалл шудаанд

© Официальный сайт мэрии г. Худжанд
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
215 0 0

Миёни Тоҷикистон ва Узбакистон камубеш 93 килуметр хатти марзи баҳсӣ боқӣ мондааст ва рӯзҳои наздик музокироти коргурӯҳи вижаи байнидавлатӣ дар ин замина оғоз ба кор мекунад

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Тоҷикистон дар назар дорад, ки аломатгузории марз бо Узбакистонро дар наздиктарин замон ба поён бирасонад, гуфт раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҶТ Раҷаббой Аҳмадзода.

Ба гуфти вай, миёни Тоҷикистон ва Узбакистон камубеш 93 килуметр хати марзи баҳсӣ боқӣ монда, ки музокирот дар борааш дар наздиктарин замон баргузор хоҳад шуд.

"Дар солҳои 2000 — 2002 ду кишвар 1 104 килуметр аз марзашонро аломатгузорӣ карда буданд. Санади ин марзбандиро сарони Тоҷикистону Узбакистон 5 октябри 2002 имзо карда буданд", — ёдоварӣ кард Аҳмадзода.

Коргурӯҳҳои ҳайъатҳои расмии Тоҷикистону Узбакистон аввали июн дар шаҳри Душанбе масоили аломатгузории марзро баррасӣ карда буданд. Интизор мерафт, ки дар он нишаст ихтилофоти марзиро ҳаллу фасл кунанд.

Марзбандӣ миёни Тоҷикистону Узбакистон яке аз муҳимтарин масоили равобити ду кишвар дар бисту чанд соли гузашта будааст. Ин ду кишвар марзе ба дарозои 1332,9 килуметр доранд.

Мавзуъ

Тоҷикистону Узбакистон марзашонро аломатгузорӣ карданд
Барчаспҳо:
марзбандӣ, аломатгузорӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҶТ, Раҷаббой Аҳмадзода, Тоҷикистон-Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ