Вазорати дифоъи ҶТ дар Суғд пайкор бо теруристҳоро размоиш мекунад

Обуна шудан
Нерӯҳои подгони низомӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ дар вилояти Суғд размоиш баргузор мекунанд

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Вазорати дифоъи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз баргузории размоиши нерӯҳои подгон ё гарнизони вилояти Суғд ва дигар сохторҳои қудратӣ дар нимаи дувуми моҳи август дар ин вилоят хабар додааст.

Размоиш, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Артиш дар вилояти Суғд размоиш баргузор мекунад

Ба гузориши хабаргузории ТоҷикТА, сухангӯи ВД ҶТ Фаридун Муҳаммадализода гуфтааст, ки дар ин размоиши густарда амалиёти созмондиҳии дифоъи минтақаӣ, равишҳои пайкор бо гурӯҳҳои теруристӣ, тавонафзоии размии нерӯҳои захира ва роҳкорҳои басиҷу фиристодани имконот ва таҷҳизоти низомӣ дар шароити изтирорӣ тамрин хоҳад шуд.

Вай ҳамчунин хабари бархе аз расонаҳо дар бораи интиқоли нерӯву ҷангафзорҳо аз ҷануби Тоҷикистон ба вилояти Суғдро бепоя хондаву гуфта, ки ин размоиш аз пеш барномарензӣ ва замонбандӣ шуда буд ва дар он танҳо нерӯҳои ҷойдошта дар қаламрави вилояти Суғд ширкат хоҳанд кард.

Сухангӯи ВД ҶТ ёдоварӣ карда, ки дар ин размоиш ҳамчунин роҳу чораҳои ҳамоҳангӣ ва ҳамкории ягонҳои ин вазорат ва дигари сохторҳои интизомӣ ва амниятии қарордошта дар қаламрави вилояти Суғд баррасӣ хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0