14:04 16 декабри 2017
Пахши мустақим
Размоиши ҳарбӣ. Акс азбойгонӣ

Тоҷикистон дар марз бо Узбакистон тамриноти бузурги ҳарбӣ мегузаронад

© Sputnik
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
10010

Дар размоиш 10 адад ҷангандаи ҳавоӣ, 200 техникаи ҷангӣ, 70-артиллерия ва 450 худрави ҳарбӣ ба кор дароварда мешавад

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Вазорати дифоъи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 август то 17 ҳамин моҳ дар марз бо Узбакистон ва Қирғизистон размоиши нерӯҳои подгон ё гарнизони вилояти Суғд ва дигар сохторҳои қудратиро баргузор мекунад.

"Аз 14 то 17 август дар марз бо Узбакистону Қирғизистон баргузор мешавад. Дар ин размоиши густарда амалиёти созмондиҳии дифоъи минтақаӣ, равишҳои пайкор бо гурӯҳҳои теруристӣ, тавонафзоии размии нерӯҳои захира ва роҳкорҳои басиҷу фиристодани имконот ва таҷҳизоти низомӣ дар шароити изтирорӣ тамрин хоҳад шуд", —гуфт сухангӯи ВД ҶТ Фаридун Муҳаммадализода.

Вай ҳамчунин хабари бархе аз расонаҳо дар бораи интиқоли нерӯву ҷангафзорҳо аз ҷануби Тоҷикистон ба вилояти Суғдро бепоя хондаву гуфта, ки ин размоиш аз пеш барномарензӣ ва замонбандӣ шуда буд ва дар он танҳо нерӯҳои ҷойдошта дар қаламрави вилояти Суғд ширкат хоҳанд кард.

Сухангӯи ВД ҶТ ёдоварӣ карда, ки дар ин размоиш ҳамчунин роҳу чораҳои ҳамоҳангӣ ва ҳамкории ягонҳои ин вазорат ва дигари сохторҳои интизомӣ ва амниятии қарордошта дар қаламрави вилояти Суғд баррасӣ хоҳад шуд.

 

Мавзуъ

Вазорати дифоъи ҶТ дар Суғд пайкор бо теруристҳоро размоиш мекунад
Русия ва Тоҷикистон дар кӯҳистон размоиш баргузор мекунанд
Артиш дар вилояти Суғд размоиш баргузор мекунад
ВКД Тоҷикистон: бо нерӯҳои Амрико рангоҷанг дорем, на размоиш
Барчаспҳо:
размоиши ҳарбӣ, Фаридун Маҳмадализода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ