11:21 22 сентябри 2017
Пахши мустақим
Боевики ДАИШ. Архивное фото

"Давлати исломӣ" дар Афғонистон: чиро бояд чашм дошт?

© AP/ Militant Website, File
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
60 0 0

Ҷангиёни "Давлати исломӣ" дар он вилоятҳои Афғонистон сангар гирифтаанд, ки имкон медиҳанд қочоқи коло ва маводи мухаддирро контрол кунад

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Ҳарчанд "Давлати исломӣ" (ДОИШ — созмони теруристие, ки дар Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо мамнуъ шудааст) дигар чандон асару таъсире дар ҷаҳон надорад, вале бархе аз вилоятҳояш идеулужии хилофатро нигаҳ хоҳанд дошт, менависад рӯзномаи русии "Коммерсант".

Яке аз он вилоятҳо "вилояти Хуросон" — бахши афғонистонӣ-покистонии "Давлати исломӣ" аст, ки Амрико пайкор бо онро густарда кардааст.

Андрей Серенко, таҳлилгари масоили амниятӣ, мегӯяд, "ДОИШ дар Афғонистон аз дидгоҳи роҳбурдӣ ҷойгоҳи муносиберо ба даст оварда ва дар манотиқе сангар гирифтааст, ки имкон медиҳанд қочоқи коло ва маводи мухаддирро контрол кунад".

Чунончи, ба гуфти ӯ, вилояти Нангарҳор дар марзи Афғонистон бо Покистон маркази тавлиди холистарин навъи ҳеруин дар минтақа ва яке аз пойгоҳҳои теруристҳо аст. Нангарҳор таҳиякунанда ва таҳвилдиҳандаи маводи мухаддир ба Урупо аст, аз ин рӯ қочоқи маводи мухаддир фармондеҳони ДОИШ ва Толибонро водор мекунад то бо якдигар барои ин вилоят биҷанганд.

Ҳамин "вилояти Хуросон" буд, ки тобистони соли 2017 дар вокуниш ба амалиёти Русия дар Сурия бо Маскав ҷанг эълом кард.

"Хилофатхоҳон эълом карда буданд, ки дар қаламрави Русия амалиёти интиҳорӣ анҷом хоҳанд дод ва дар ин амалиёт аз ҳаводоронашон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷумҳуриҳои Қафқози Шимолӣ кор хоҳанд гирифт", — мегӯяд Серенко.

Ӯ мегӯяд, ки бадтарин мероси "Давлати исломӣ" мӯд шудани худкушӣ аст. Ба ин маънӣ, ки ҷавонони бистучандсола аз маргу кушта шудан наметарсанд ва барои анҷоми амалиёти ҳаросафканӣ дигар чандон ҳазинаи моливу пулӣ ҳам лозим нест. Ҳамин кофист, ки корде бихаранд ва ё худраверо кироя кунанд.

"Идеулужӣ ва зебоишиносии марге, ки шайхҳо ва таблиғгарони ДОИШ офаридаанд, бисёр сахтҷон аст. Ҳангоме ҳам ки ойинаи сиёҳи хилофат пора-пора хоҳад шуд, пораҳои он то дер замоне мардуми бегуноҳро дар ҳар гӯшаву канори ҷаҳон захмӣ хоҳанд кард", — мегӯяд Серенко.

Вай пештар ҳам гуфта буд, ки теруристҳо барои бозсозии Хилофат омода хоҳанд шуд: онҳо гаҳ гоҳе дар интернет аз худ дарак хоҳанд дод, вале чун 10 сол пеш рӯ ба биёбонҳо хоҳанд овард.

"Хилофат кам-кам пароканда хоҳад шуд. ҷангҷӯён ба биёбонҳо бар хоҳанд гашту чун 10 сол пеш дар хаймаҳо зиндагӣ хоҳанд кард ва рустоҳои худро ба даст хоҳанд гирифт то пойгоҳе барои хуруҷи дубора дошта бошанд", — гуфта буд Андрей Серенко.      

Мавзуъ

ДОИШ масъулияти ҳамла ба масҷид дар Кобулро ба дӯш гирифт
Туркия барои мубориза бо Фатҳуллоҳ Гулен ва ДОИШ донишгоҳи исломӣ таъсис медиҳад
Расонаҳо: ДОИШ марги Абубакр ал-Бағдодиро таъйид кард
Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба ДОИШ пайвастааст
Нақли ҳамсарони ҷангиёни ДОИШ: ғуломӣ ва ночорӣ
Барчаспҳо:
ҳаросафканӣ, "вилояти Хуросон", "Давлати исломӣ", Андрей Серенко, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ