Портфели - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Хабарҳои дигари таъйину барканориҳо дар Тоҷикистонро аз ин пайванд пайдо мекунед

Тағйироти кадрӣ дар ҳамсоякишвар: Азизов вазири дифоъ таъин шуд

© Пресс-клубМинистр внутренних дел Узбекистана Абдусалом Азизов, архивное фото
Министр внутренних дел Узбекистана Абдусалом Азизов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев, Абдусалом Азизовро аз вазифаи вазирии ВКД сабукдӯш ва ба симати вазири дифоъ нишонд

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Ба гузориши РИА Новости, раисҷумҳури Узбакистон  Шавкат Мирзиёев Абдусалом Азизовро вазири дифоъ таъин кард.

"Абдусалом Азизов вазири дифоъи Ҷумҳурии Узбакистон шуд", — омадааст дар хабарнома.

Вазифаи пешини ӯ-вазири ВКД-ро Пулат Бобоҷонов гирифт. Гуфта мешавад, ки пештар Бобоҷонов вазифаи раҳбарии вилояти Хоразмро бар дӯш дошт.

"Бобоҷонов Пулат Раззоқович вазири Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Узбакистон таъин шавад", — омадааст дар матни қарори кишвардори Узбакистон.

Бино ба иттилоъи расонаҳо. Бобоҷонов шурӯъ аз моҳи октябри соли 2012 раҳбари вилояти Хоразм будааст.

Вазири пешин Абдусалом Азизов ин вазифаро аз моҳи январи соли равон бар дӯш гирифта буд.

Лентаи хабарҳо
0