23:50 23 октябри 2017
Пахши мустақим
Дидои Раҳимзода бо раҳбарони созмонҳои муҳоҷиратӣ

Даъвати Раҳимзода аз раҳбарони диаспораҳо: сиёсати ҳукуматро ба муҳоҷирон дуруст фаҳмонед

© Фото: Аз равобити умумии ВКД ҶТ
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
9-уми сентябр- рӯзи Истиқлол: 26 соли мустақилияти Тоҷикистон (18)
401 0 0

Рамазон Раҳимзода дирӯз бо намояндагони диаспораҳои тоҷик дар шаҳру вилоятҳои Русия, ки ҷиҳати иштирок ба чорабиниҳои идона аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон даъват шудаанд, дидор ва мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВКД ҶТ, вазири корҳои дохилӣ ҳозиринро аз вазъи сиёсии дохили кишвар минтақа ва ҷаҳон огоҳ намуда аз хатарҳои ба давлати мо таъсирасонанда ҳушдор дод.

"Аз намояндагони диаспораҳо даъват ба амал оварда шуд, ки дар минтақаҳои фаъолияташон, ки шумораи зиёди шаҳрвандони тоҷик ба муҳоҷирати меҳнатӣ машғул ҳастанд сиёсати Ҳукумати Тоҷикистонро дуруст фахмонида аз гаравидани ҷавонон ба гуруҳҳои тундрав ва экстремистию терористӣ ҷилавгири намоянд", — омадааст дар хабарнома.

Бо пешниҳоди вазир меҳмонон аз бинои нави Академияи ВКД ва инчунин иморату ҷойҳои нав ободу зебо гаштаи шаҳри Душанбе дидан хоҳанд кард.    

 

Мавзуҳо:
9-уми сентябр- рӯзи Истиқлол: 26 соли мустақилияти Тоҷикистон (18)

Мавзӯъҳои асосӣ