Расонаҳо: ВУД ҳанӯз Гулмурод Ҳалимовро таҳти пайгард қарор додааст

© SputnikКадры видеообращения Гулмурода Халимова, архивное фото
Кадры видеообращения Гулмурода Халимова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сухангӯи ВУД ҶТ ба расонаҳои Тоҷикистон гуфтааст, ки қумандони пешни ОМОН-и Тоҷикистон ҳанӯз таҳти кофтукови байналмилалӣ қарор дорад

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ҳанӯз Гулмурод Ҳалимов- сардори пешни ОМОН-и Тоҷикистонро таҳти пайгарди байналмилалӣ қарор додааст.

Дар ин бора расонаҳои Тоҷикистон дар истинод ба сухангӯи ниҳод Умарҷони Эмомалӣ иттилоъ медиҳанд.

"ВУД дар мавриди марги Гулмурод Ҳалимов ба мақомоти Русия дархост ирсол намуда, аммо ҳанӯз тасдиқи онро дарёфт накардааст. Дар ин бастагӣ ҳанӯз парвандаи ҷиноӣ нисбати Гулмурод Ҳалимов қатъ нашуда, ӯ мавриди кофтукоб қарор дорад",- омадааст дар иттилои манбаъ.

Гулмурод Халимов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Президент: нобудкунии Ҳалимов нуфузи ДОИШ-ро дар байни ҷавонон паст мекунад

Пештар хабар дода шуд, ки Тоҷикистон аз Русия дархост кардааст, ки дар бораи кушта шудани Гулмурод Ҳалимов  шарҳи бештаре диҳад.

Ёдовар мешавем, 8-уми сентябр Вазорати дифои Русия хабар дод, ки сардори пешни ОМОН-и Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимовро, ки "вазири ҷанги" ДОИШ ба ҳисоб мерафт, нобуд кард.

Гулмурод Ҳалимов сарҳангу фармондеҳи пешини Нерӯҳои ошӯбнишони ВУД Тоҷикистон буд, ки соли 2015 аз Тоҷикистон фирор карду ба гурӯҳи тундрави ДОИШ пайваст. Пас аз он ки вай дар паёме видеоӣ пайвастанаш ба ДОИШ-ро эълом кард, Интерпол номашро дар феҳристи пайгарди байналмилалӣ сабт кард.
Пештар ҳам бархе аз расонаҳо дар бораи кушта шуданаш хабар доданд. Аммо ВКД Тоҷикистон марги ӯро таъйид накард ва эълом кард ки дар ин замина бозҷӯӣ хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0