23:57 23 октябри 2017
Пахши мустақим
Маҷмаи умумии Интерпол

Ширкати Рамазон Раҳимзода дар Маҷмаъи умумии Интерпол

© Фото: Сайт МВД Таджикистана
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
29110

Дар 86-умин нишасти Маҷмаъи умумии Пулиси байналмилал роҳу чораҳои ташкил ва ҳамоҳангсозии фаъолияти нерӯҳои интизомӣ ва амниятии кишварҳои узви Интерпол дар мубориза бо ҳаросафканӣ, ифротгароӣ, ҷудоихоҳӣ ва дигар таҳдиду хатарҳо баррасӣ хоҳанд шуд

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Имрӯз дар шаҳри Пекин 86-умин нишасти Маҷмаъи умумии Интерпол ё Пулиси байналмилалӣ оғоз ба кор кард, ки дар он вазири умури дохилии ҶТ Рамазон Раҳимзода низ ширкат дорад.

Қарор аст дар ин нишаст роҳу чораҳои ташкил ва ҳамоҳангсозии фаъолияти нерӯҳои интизомӣ ва амниятии кишварҳои узви Интерпол дар мубориза бо ҳаросафканӣ, ифротгароӣ, ҷудоихоҳӣ ва дигар таҳдиду хатарҳо баррасӣ шаванд.

"Интерпол" созмони байналмилалиест, ки соли 1923 дар шаҳри Вена бо қарори Ҳамоиши байналмилалии пулис таъсис ёфтааст. Фаъолияти он дар чорчӯби санадҳои меъёрию ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалӣ ба роҳ монда шуда, ҳалли масъалаҳои ташкил ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти интизомии кишварҳои узвро дар заминаҳои мубориза бо табаҳкорон ва базаҳкориҳои байналмилалӣ, пайгарди байналмилалии базаҳкорон, зиндониёни фирорӣ, бозҷӯии гумшудагон ва шиносоии ҷасадҳои гумномро дар қаламрави 190 кишвар ба сомон мерасонад.

Ҳамчунин бозҷӯии василаҳои нақлиётии тасарруфшуда, ҳуҷҷатҳои гумшуда ва тасарруфгардида, ашёи фарҳангии торихӣ ва антиқаи сатҳи байналмилалиро низ ба дӯш дорад.

Барчаспҳо:
маҷмаи умумӣ, "Интерпол", Рамазон Раҳимзода, Дар ҷаҳон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ