15:47 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Аскар Нуралиев

Як масъули Вазорати иқтисоди ҶТ бо 500 ҳазор дулор ришва дастгир шуд

© Фото: Аккаунт Facebook / Аскар Нуралиев
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
30220

Ожонси мубориза бо фасод Аскар Нурализода, сардори Раёсати таҳияи барномаҳои давлатии сармоягузориҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, узви Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанберо ба иттиҳоми ришваситонӣ боздошт кард

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Ба гузориши вебгоҳи расмии Ожонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод, 28 сентябр шаҳрванд "А" аз муовини сардори Сарраёсат, сардори Раёсати таҳияи барномаҳои давлатии сармоягузориҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ Аскар Нурализода ба ин ниҳод шикоят бурдааст.

Бино бар ин гузориш, Нурализода аз шаҳрванд "А" барои гунҷондани тарҳи ташкилу густариши соҳаи мурғпарварӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар барномаи давлатии сармоягузориҳо барои солҳои 2016-2020 ва мусоидат дар дарёфти грант ба маблағи 10 милюн дулор барои ин кор, аз ӯ 10 дарсад аз ин маблағ, яъне 1 милюн дулорро ришва хостааст.

Шаҳрванд "А" дар шикояташ гуфта, ки бо Нурализода маслиҳат кардааст, ки аз он маблағ 500 ҳазор дулорашро пешпардохт карда ва бақияро пас аз расидан ба хостаҳояш ба Нурализода хоҳад дод.

Дар гузориш оварда шуда, ки Нурализода ҳамчунин аз шаҳрванд "А" барои ҳамсараш Савринисо Холиқова дар сохтмоне дар шаҳри Душанбе як хонаи сеутоқӣ ба нархи 69 360 дулор ришва хостааст. Дар ин замина байни ширкати сохтмонии "В" ва Савринисо Холиқова дар торихи 22.08.2017 қарордоди саҳмгузорӣ имзо шуда, ки бар асоси он шаҳрванж "А" маблағи 115 030 сомонӣ баробар ба 13 222 дулорро ба ширкати сохтмонии "В" ба номи Савринисо Холиқова пардохт кардааст.

Ожонс ҳамчунин гузориш дода, ки Аскар Нурализода аз шаҳрванд "А" дар моҳҳои август ва сентябри соли 2017 маблағи 3200 сомонӣ ва 10 ҳазор дулор ришва ситонда ва афзун бар он, ба баҳонаи мусоидат дар дарёфти грант аз шаҳрванд "А" боз 500 ҳазор дулор ришва низ талаб кардааст.

Саранҷом дар паи баргузории амалиёти бозҷӯӣ дар торихи 28 сентябр Аскар Нурализода ҳангоми дарёфти ришва ба маблағи 490 ҳазор дулор аз шаҳрванд "А" дастгир шуд.

Афзун бар ин маблағ, аз манзил ва дафтари кори Аскар Нурализода боз 10 ҳазор дулоре, ки қаблан барои ин амал гирифта буд, қарордоди саҳмгузорӣ барои хариди манзили иқоматӣ аз 22.08.2017 ва расид ба маблағи 115 030 сомонӣ баробар ба 13 222 дулор, ки шаҳрванд "А" ба ширкати сохтмонии "В" ба номи Савринисо Холиқова пардохт кардааст, ёфт ва гирифта шудаст.

Ожонси мубориза бо фасод барои бозҷӯии шароити ришваситонии Аскар Нурализода 28 сентябр бар асоси моддаи 319 қисми 4 бандҳои «в, г» Қонуни ҷиноии ҶТ парванда оғоз кардаву бозҷӯиро идома медиҳад.

Мавзуъ

Ожонс: ходими калони илмӣ бо ваъдаи дохил кардан ба донишгоҳ 12 ҳазор сомонӣ пора гирифт
Додгоҳи Тоҷикистон корманди пешини Ожонси мубориза бо фасодро 15 сол зиндонӣ кард
Муъовини пешини раиси Ожонси мубориза бо фасод ба 10 солу 7 моҳи зиндон маҳкум шуд
Барчаспҳо:
пора, фасод, ришвастонӣ, Ожонси назорати молӣ ва мубориза бо фасод, Аскар Нурализода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ