23:51 23 октябри 2017
Пахши мустақим
Министр внутренних дел Узбекистана Абдусалом Азизов, архивное фото

Пас аз 20 сол: вазирони дифоъи Тоҷикистону Узбакистон нахустин бор дидор мекунанд

Пресс-клуб
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
83 0 0

Сарлашкар Абдусалом Азизов дар нишасти Шурои вазирони дифоъи кишварҳои узви Иттиҳодияи давлатҳои мустақил ширкат карда ва бо ҳамтои тоҷикаш дидор хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Вазири дифоъи Узбакистон сарлашкар Абдусалом Азизов дар нишасти Шурои вазирони дифоъи кишварҳои ҳамсуд ширкат хоҳад кард, ки 11 — 13 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Қарор аст, ки вай дар ин сафар ҳамчунин бо вазири дифоъи Тоҷикистон сипаҳбад Шералӣ Мирзо ва дигар масъулини баландпоя дидору гуфтугӯ кунад.

Сарлашкар Абдусалом Азизов моҳи сентябри соли 2017 вазири дифоъи Узбакистон таъйин шуд. Пеш аз ин вай дар симатҳои вазири умури дохила, муовини аввали вазири умури дохила, сардори Сарраёсати ВУД дар Тошканд, роҳбари ширкати «Ӯзбекнефтегаз» ва сардори Раёсати ВУД дар вилояти Ҷиззах кор кардааст.

Ёдоварӣ мекунем, ки сарлашкар Азизов дар симати вазири умури дохила дар моҳи июни имсол барои нахустин бор Тоҷикистон омада буд ва дар ҷаласаи Шурои вазирони умури дохилаи кишварҳои узви ИДМ ширкат карду бо вазири умури дохилаи ҶТ Рамазон Раҳимзода дидору гуфтушунид анҷом дод.

Дар нишасти Шурои вазирони дифоъ, ки 11 — 13 октябр дар Душанбе баргузор мешавад, ҳайъатҳои расмии вазоратҳои дифоъи Русия, Белорус, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Узбакистон, Укроин, Озарбойҷон, Арманистон ва Молдова ширкат хоҳанд кард.

Мавзуъ

Нахустин дидор: Тоҷикистону Узбакистон амниятро якҷоя таъмин хоҳанд кард
Вазири умури дохилаи Узбакистон пас аз 20 сол ба дидори ҳамтои тоҷикаш расид
Вазири умури дохилаи Узбакистон аз Тоҷикистон боздид хоҳад кард
Барчаспҳо:
Шурои вазирони дифоъи кишварҳои ҳамсуд, вазорати дифоъ, Шералӣ Мирзо, Абдусалом Азизов, Тоҷикистон-Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ