01:27 24 октябри 2017
Пахши мустақим
Гусели ҷавонон ба хидмат. Акс аз бойгонӣ

Раиси Мастчоҳ ҷавононро ба хидмати низомӣ гусел кард

© Sputnik
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
66 0 0

Ҷавонони Мастчоҳро ба хидмати низомӣ гусел карданд

ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд, рӯзи 4 октябр дар саҳни Қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ ба муносибати гусели аввалин гуруҳи ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиши идона баргузор гардид.

Дар ҳамоиш раиси ноҳия Ғайрат Азиззода сухан гуфта, хизмати ҳарбиро қарзи шаҳрвандии ҳар ҷавонмард ва мактаби беҳтарини ҷасорату ватандӯстӣ, марҳилаи аслии муаррифии мардонагӣ унвон карда, иброз дошт, ки дар давоми ду соли хизмати бошарафона ҷавонон ҳамчун марди комилу обутобёфта ба камол мерасанд, қадри падару модар, хешу табор, диёру Ватанро пос медоранду эҳтиром менамоянд.

"Ҷавонони ноҳияи Мастчоҳ низ баҳри иҷроиши Фармони раисҷумҳури Тоҷикистон, таҳти №934, аз 13.09.2017 камари ҳиммату мардонагӣ баста, дар нахустин рӯзҳои давъати имсолаи тирамоҳӣ беш аз 100 нафар барои хизмати ватан омода будани худро изҳор намуданд, ки шоистаи аҳсану намунаи ибрату пайравист", —гуфтааст раиси ноҳия Ғайрат Азиззода.

Ба навдаъватшдуагон туҳфаҳои хотиравии мақомоти ноҳияи Мастчоҳ супурда шудааст.

Мавзуъ

Раисҷумҳур шаҳрвандонро ба хидмат дар Неруҳои мусаллаҳ фаро хонд
Раиси вилояти Суғд ҷавононро ба хидмати низомӣ фаро хонд
Барчаспҳо:
Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ