15:45 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Церемония открытия миротворческих учений Нерушимое братство-2014

Низомиёни тоҷик дар размоиши СПАД дар Қазоқистон ширкат мекунанд

© Sputnik / Ярослав Рощупкин
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
2110

Нерӯҳои сулҳофари кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил панҷ рӯз дар размоишгоҳи "Илӣ" дар Қазоқистон тамрин хоҳанд кард

 

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Размоиши амалиёт-роҳбурдии нерӯҳои сулҳофари Кишварҳои ҳамсуд "Бародарии размӣ — 2017" ("Боевое братство — 2017") имрӯз дар размоишгоҳи "Илӣ" дар вилояти Алмаато оғоз шуд.   

Ба гузориши равобити умумии Вазорати дифоъи Қазоқистон, ин размоиш аз 16-ум то 20-уми октябр баргузор шуда ва ширкаткунандагон дар он роҳҳои сулҳофаринӣ пас аз муноқишаҳоро ҳамроҳ бо нерӯҳои посдори сулҳи Созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ дар чорчӯби размоиши муштараки "Бародарии шикастнопазир — 2017" ("Нерушимое братство-2017") тамрин мекунанд.

"То кунун нерӯҳои сулҳофари Арманистон, Белорус, Русия ва Тоҷикистон ба Қазоқистон расидаанд ва нерӯҳои Қирғизистон дар роҳ ҳастанд", — гуфта мешавад дар иттилоъияи вазорати дифоъ.

Дар ин размоиш афзун бар ягонҳои вазоратҳои дифоъ ҳамчунин ягонҳои пулисе низ ширкат мекунанд, ки бахше аз Нерӯҳои сулҳофари дастҷамъии СПАД ҳастанд.

Тоҷикистонро дар ин размоиш як даста аз нерӯҳои зудамали Вазорати дифоъ намояндагӣ мекунад.

 

Мавзуъ

Теруристҳо дастгир шуданд: дар Русия размоиши "Ҷустуҷӯ-2017" оғоз шуд
Размоиши низомиёни рус дар кӯҳҳои Тоҷикистон
Размоиши Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар Суғд анҷом ёфт
Вазорати дифоъи ҶТ дар Суғд пайкор бо теруристҳоро размоиш мекунад
Русия ва Тоҷикистон дар кӯҳистон размоиш баргузор мекунанд
Барчаспҳо:
размоиши сулҳофарӣ, размоиш, Тоҷикистон-СПАД

Мавзӯъҳои асосӣ