13:07 18 ноябри 2017
Пахши мустақим
Сотрудники правоохранительных органов у станции метро Технологический институт в Санкт-Петербурге

Пулиси Маскав як қирғизро ба иттиҳоми теруризм боздошт кард

© Sputnik / Анна Волкова
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
15 0 0

Вазири умури дохилии Русия аз дастгир шудани як шаҳрванди Қирғизистон хабар дод

ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Дар Маскав як шаҳрванди Қирғизистон дастгир карда шудааст, ки қасд дошта бо худрави борбари "КамАЗ" дар назди яке аз истгоҳҳои метро амалиёти теруристӣ анҷом диҳад, гуфт вазири умури дохилии Русия Владимир Колоколтсев.

"Вай ҳамчунин дигаронро ба пайвастан ба ДОИШ даъват мекардааст. Ӯ боздоштшуда ва парвандааш такмил мешавад", — гуфтааст Владимир Колоколтсев имрӯз дар мусоҳиба бо рӯзномаи "Известия".

Вай афзудааст, ки Вазорати умури дохилии Русия камобеш 150 гурӯҳи теруристии ташкилшуда аз намояндаҳои миллатҳои гуногунро шиносоӣ карда ва беш аз 800 кас аз саркардагону ҷангҷӯёни ин гурӯҳҳоро бозҷуст дорад.

Гурӯҳи ДОИШ то кунун дар Русия чанд амалиёти теруристӣ анҷом додааст, ки маргбортаринашон 3 апрел дар Санкт-Петербург рух дод. Дар он ҳамла дар паи инфиҷор дар вагони метро дар истгоҳи «Технологический институт» 14 кас кушта ва беш аз 50 кас захмӣ шуда буд. Омили он амалиёти интиҳорӣ шаҳрванди 22-солаи узбактабори Қирғизистон Акбарҷон Ҷалилов шинохта шуд.

Мавзуъ

Дар Тоҷикистон 9 таблиғгари ДОИШ маҳкум ба зиндон шуданд
ВКД Тоҷикистон як шаҳрванди Русияро ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо ДОИШ дастгир кардааст
Дар Петербург тоҷикҷавоне ба иттиҳоми раҳбарии гурӯҳаки ДОИШ дастгир шуд
СПАД аз таҳдидҳои Толибону ДОИШ ба Тоҷикистон ҳушдор медиҳад
Абдуллоҳ: пуштибонӣ аз Толибон роҳи мубориза бо ДОИШ дар Афғонистон нест
Барчаспҳо:
теруризм, боздошт, ВУД Русия, Владимир Колоколтсев, Русия-Қирғизистон

Мавзӯъҳои асосӣ