Аз ҷоизаҳои пулӣ то дараҷаҳои навбатӣ: баргузории Рӯзи милиса дар Суғду Бадахшон

© Фото : МИД РТДень милиции в ГБАО и Содге
День милиции в ГБАО и Содге - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар вилоятҳои Суғд ва Кӯҳистони Бадахшон Рӯзи милисаро ҷашн гирифтанд

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВКД ҶТ, барои бузургдошти Рӯзи милиса дар ин вилоятҳо барномаҳои ҷашнӣ баргузор шуданд.

Рӯзи милиса дар ВМКБ

Дар барномае, ки дар ВМКБ ба ин муносибат баргузор шуд, раҳбари дастгоҳи раиси вилоят Диловар Хосабек, сардори Раёсати КДАМ дар ВМКБ Мамад Меликов, мушовири адлияи дараҷаи 1 Доробшо Асозода, комиссари низомии ВМКБ кеҳ-сарҳанг Ҳамроҳ Хушдилзода, додситони низомии подгони шаҳри Хоруғ сарҳанг Мамадамин Шарифзода, раиси куҳанкормандони ниҳодҳои корҳои дохилии ВМКБ Мирзоҷон Саидгулов ва дигар роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва низомӣ дар ВМКБ ширкат кардаанд.

© Фото : МИД РТДень милиции в ГБАО и Содге
День милиции в ГБАО и Содге - Sputnik Тоҷикистон
День милиции в ГБАО и Содге

Ҳамчунин дар ин барнома куҳанкормандони ниҳодҳои корҳои дохилии вилоят ва хонаводаҳои кормандоне, ки ҳангоми иҷрои вазифа шаҳид шудаанд, ширкат доштанд.

Ба гузориши манбаъ, сардори РВКД дар ВМКБ Абдулваҳоб Искандарзода ба пояи тандиси кормандони шаҳидшуда гулчанбар гузошту ёдашонро бо як дақиқа хомӯшӣ пос дошт.

Абдулваҳоб Искандарзода кормандони милисаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз номи вазири умури дохила Рамазон Раҳимзода ба муносибати Рӯзи милиса табрику таҳният намуда, гуфт, ки кормандони милиса дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, сулҳу суботи ҷомеа, ҳангоми баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсиву давлатӣ баҳри таҳкими волоияти қонун ва амнияти шаҳрвандон, шабонарӯзӣ хидмат намуда, бо масъулияти дучанд ва арҷгузорӣ ба Савганди худ содиқона хидмат менамоянд.

Ҷамъбасти мусобиқаҳо дар ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон
Дар ВМКБ беҳтарин милисаҳои футболбозро муайян карданд

"Ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик ба кормандоне, ки дар фаъолияти хидматии худ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд, аз номи вазири корҳои дохила ва сардори РВКД дар ВМКБ, Ифтихорнома, Сипоснома, дараҷаҳои низомӣ, медолу нишонҳо ва ҷоизаҳои арзишманд тақдим карда шуданд", — омадааст дар хабарнома.

Ҳамчунин хонаводаҳои милисаҳои шаҳид аз номи вазири умури дохила қадрдонӣ шуда, ба собиқадорони милиса туҳфаҳои ёдгорӣ ва  пулӣ тақдим карда шуд.

Дар чорабинӣ аз тарафи низомиёни ротаи 3-юми қисми ҳарбии 3503 Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД ва кормандони ДТММ РВКД дар ВМКБ машқҳои тактикӣ-низомӣ ба ҳозирин намоиш дода шуд.

© Фото : МИД РТДень милиции в ГБАО и Содге
День милиции в ГБАО и Содге - Sputnik Тоҷикистон
День милиции в ГБАО и Содге

Рӯзи милиса дар вилояти Суғд

Дар вилояти Суғд ҳам ба ин муносибат барномаи ҷашнӣ баргузор шуд. Ҳайъати кормандони шуъбаву хадамоти дастгоҳи Раёсат ва собиқадорони соҳа дар ҷамъомад иштирок доштанд.

Российско-таджикские учения на полигоне Фахрабад - Sputnik Тоҷикистон
Ба хидмат бош тайёр: Суғд 93 дарсади нақшаи даъватро иҷро кард

Маросими пуршукӯҳ аз гулгузорӣ ба пояи муҷассамаи ёдгорӣ, ки дар саҳни бинои маъмурӣ ба хотири гиромидошти кормандони шаҳид оғоз ёфт.

Сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд сарлашкари милиса Назарзода ҳамкоронро аз номи роҳбарии ВКД табрик гуфт.

Бо фармонҳои вазири умури дохила Рамазон Раҳимзода ва сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд  кормандоне, ки  ҳангоми иҷрои вазифаҳои хидматӣ ба нишондиҳандаҳои мусбат даст ёфтаанд, бо дараҷаҳои навбатӣ, медалу нишонҳои вазорат, Сипосномаву Ифтихорнома ва ҷоизаҳои пулӣ қадршиносӣ карда шуданд.

Лентаи хабарҳо
0