01:57 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Ракетный комплекс Искандер-М, архивное фото

Размоиши СПАД дар Тоҷикистон: "Искандар" "душманон"-ро торумор мекунад

© Sputnik / Евгений Биятов
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
69 0 0

Ин размоиш "ҷанбаи комилан дифоъӣ" дошта ва марҳилаи поёнии размоиши амалиётӣ-роҳбурдии Созмони Паймони амнияти дастҷамъии "Бародарии размӣ - 2017" аст

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Имрӯз дар Тоҷикистон дар размоишгоҳи "Ҳарбмайдон" размоиши Нерӯҳои муштараки СПАД оғоз ёфтанд, ки дар он равишҳои ҳамоҳангсозии амалиёт дар нобудсозии гурӯҳҳои созмонёфтаи мусаллаҳ дар кӯҳистон тамрин карда мешаванд.

Ин размоиш аз имрӯз то 20 ноябр баргузор мешавад. Қарор аст, ки дабири кулли СПАД Юрий Хачатуров аз ин размоиш боздид хоҳад кард.

Дабирхонаи СПАД эълом карда, "ин размоиш "ҷанбаи комилан дифоъӣ" дошта ва марҳилаи поёнии размоиши амалиётӣ-роҳбурдии Созмони Паймони амнияти дастҷамъии "Бародарии размӣ — 2017" аст".

Ҳадаф аз баргузории ин размоиш "беҳбуди системи идораву фармондеҳии Нерӯҳои муштараки СПАД дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва беҳинасозии ҳамкуниш миёни ситодҳои кишварҳо дар мароҳили гуногун" унвон шудааст. Ҳамчунин дар ин размоиш "ҳамоҳангии системи идораи нерӯҳо ва корбурди ҷангафзорҳо" низ дар назар аст.

"Дар ин размоиш, ки ҳамзамон дар панҷ размоишгоҳи Вазорати дифоъи Тоҷикистон наздик ба марз бо Афғонистон баргузор мешавад, равишҳои ҷангу набард бо корбурди ҷангафзорҳои сангин, ҳавопаймоҳо ва нерӯҳои падофанди ҳавоӣ тамрин карда мешаванд", — тавзеҳ додааст дабирхонаи СПАД.

Марҳилаи ниҳоии ин размоиш дар размоишгоҳи "Ҳарбмайдон" баргузор мешавад ва дар он нерӯҳои ҳавоӣ ва тӯпхона ба кор бурда хоҳанд шуд. Аз ҷумла дар ин марҳила сомонаи пешрафтаи мушакии "Искандар" озмоиш карда хоҳад шуд.

Дар ин размоиш беш аз 5 ҳазор сарбозу афсар аз Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ширкат мекунанд ва 60 ҳавопаймову чархбол, беш аз 1500 ҷангафзори сабуку сангин, аз ҷумла сомонаи мушакии "Искандар", бумбафканҳо ва паҳподҳо (ҳавопаймоҳои ҳидоятшаванда аз дур) ба кор бурда хоҳанд шуд.

Мавзуъ

Низомиёни тоҷик дар размоиши СПАД дар Қазоқистон ширкат мекунанд
Теруристҳо дастгир шуданд: дар Русия размоиши "Ҷустуҷӯ-2017" оғоз шуд
Размоиши низомиёни рус дар кӯҳҳои Тоҷикистон
Размоиши Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар Суғд анҷом ёфт
Вазорати дифоъи ҶТ дар Суғд пайкор бо теруристҳоро размоиш мекунад
Барчаспҳо:
Искандар, размоиш, СПАД, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ