19:58 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Абдулло Навҷувонов бо арзакунанда

Абдулло Навҷувонов арзу шикоятҳои мардумро қабул кард

© Фото: Аз равобити умумии ВКД
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
94101

Муовини вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов арзу муроҷиати мардумро оид ба масъалаҳои гуногун қабул ва баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Дар ин бора дар равобити умумии Вазорати корҳои дохила хабар дода шудааст.

Гуфта мешавад, муроҷиатҳо бештар дар масоили, ба кор қабул шудан, расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ, муноқишаҳои оилавӣ, қаллобӣ, содиршавии ҷиноятҳо ва дигар арзу шикоятҳо мебошад.

Манбаъ меафзояд, ки дар баробари қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарияти вазорат, ҳамзамон ба воситаи телефони боварии вазири корҳои дохилӣ 221-21-21, телефони "Мадад 1919" ва сомонаи вазорат бо корафтодагон дар иртибот шуданд.

Ба гузориши манбаъ, тавассути телефони "Мадад 1919" пайваста оид ба содиршавии ҷиноятҳо, ҳуқуқвайронкуниҳо ва арзу шикояти шаҳрвандон ба қайд гирифта мешаванд, ки ин аз беҳтар гардидани робитаи кормандони милитсия бо аҳолӣ шаҳодат медиҳад. 

Пештар хабар дода шуд, ки дар вилояти Суғд ва ВМКБ дар остонаи Рӯзи милитсия аз ҷониби раҳбарияти ВКД ба кормандон дараҷаҳои навбатӣ ва ба хонаводаҳои кормандоне, ки зимни адои вазифа шаҳид шуаанд, мукофотҳо тақдим гардид.

Мавзуъ

ВКД: мардум ба Рамазон Раҳимзода эътимод дорад
Барчаспҳо:
арзу шикоят, ВКД-и Тоҷикистон, Абдулло Навҷувонов, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ