20:00 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Военные учения Поиск-2017 в Ростовской области

Муовини вазири дифоъи ҶТ: Душанбе аз камингирии ҷангҷӯён дар шимоли Афғонистон нигарон аст

© Фото: Министерство обороны РФ
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
66 0 0

Ҷамъ омадани ҷангҷӯёни созмонҳои байналмилалии теруристӣ ва урдугоҳ сохтанашон дар вилоятҳои шимолии Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз ҳастанд, Душанберо бисёр нигарон кардааст

ДУШАНБЕ, 14 ноя – Sputnik. Тоҷикистон аз ҷамъ омадани теруристҳо ва бунёди урудугоҳҳояшон дар вилоятҳои шимолии Афғонистон нигарон аст, гуфт муовини аввали вазири дифоъи ҶТ Эмомалӣ Собирзода.

“Тамаркузи гурӯҳҳои мусаллаҳи созмонҳои байналмилалии теруристӣ, ки дар миёнашон шаҳрвандони кишварҳои узви СПАД низ ҳастанд, ва сохтусози урдугоҳҳои омодасозии ҷангҷӯён дар вилоятҳои шимолии Афғонистон бисёр нигаронкунанда аст”, — гуфт Собирзода дар маросими оғози размоиши Нерӯҳои муштараки СПАД.

Вай афзуд, ки дар чунин шароите вокуниши СПАД ба буҳронҳо барои Тоҷикистон бисёр муҳим аст.

Дар размоиши Нерӯҳои муштараки СПАД, ки ҳамзамон дар панҷ размоишгоҳи Вазорати дифоъи Тоҷикистон наздик ба марз бо Афғонистон баргузор мешавад, равишҳои ҷангу набард бо корбурди ҷангафзорҳои сангин, ҳавопаймоҳо ва нерӯҳои падофанди ҳавоӣ тамрин карда мешаванд.

Марҳилаи ниҳоии ин размоиш дар размоишгоҳи "Ҳарбмайдон" баргузор мешавад ва дар он нерӯҳои ҳавоӣ ва тӯпхона ба кор бурда хоҳанд шуд. Аз ҷумла дар ин марҳила сомонаи пешрафтаи мушакии "Искандар" озмоиш карда хоҳад шуд.

Дар ин размоиш беш аз 5 ҳазор сарбозу афсар аз Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ширкат мекунанд ва 60 ҳавопаймову чархбол, беш аз 1500 ҷангафзори сабуку сангин, аз ҷумла сомонаи мушакии "Искандар", 40 ҳавопаймои бумбафкан ва шикорӣ, чархболҳо ва паҳподҳо (ҳавопаймоҳои ҳидоятшаванда аз дур) ба кор бурда хоҳанд шуд.

Чуноне ки Ярослав Рошупкин, дастёри фармондеҳи нерӯҳои Минтақаи низомии марказии Русия ба хабарнигорон гуфт: “Бумбафканҳои Су-24М, ҷангандаҳои Су-25СМ, ҳавопаймоҳои таробарии Ан-124 ва чархболҳои низомии Mи-8 ва Mи-24 ба Тоҷикистон ирсол шудааст.

 

Мавзуъ

Размоиши СПАД дар Тоҷикистон: "Искандар" "душманон"-ро торумор мекунад
Низомиёни тоҷик дар размоиши СПАД дар Қазоқистон ширкат мекунанд
Теруристҳо дастгир шуданд: дар Русия размоиши "Ҷустуҷӯ-2017" оғоз шуд
Пирӯзӣ: варзишкори тоҷик зери сарпарастии Владимир Путин размоиш кард
Барчаспҳо:
теруризм, размоиш, Эмомалӣ Собирзода, тоҷикистон-Русия, Тоҷикистон-Русия

Мавзӯъҳои асосӣ