Раҳбари ВКД ҶТ ва сафири САҲА ислоҳоти милисаро арзёбӣ карданд

© Фото : МВД РТВстреча главы МВД Таджикистана с директором офиса программ ОБСЕ
Встреча главы МВД Таджикистана с директором офиса программ ОБСЕ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва раҳбари Дафтари барномаҳои Созмони амнияту ҳамкории Урупо дар Душанбе Туула Юрёля масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаи ислоҳоти нерӯҳои интизомиро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВУД ҶТ, дар ин дидор Рамазон Раҳимзода ва хонум Туула Юрёля бар вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои дуҷониба дар самти ислоҳоти милиса таъкид карданд.

"Вазири умури дохилии ҶТ аз сафири САҲА дар Душанбе барои ёрирасонӣ дар устуворсозии пояҳои ниҳодҳои интизомӣ ва машваратҳои назариву амалӣ дар заминаи мубориза бо ҷинояткорӣ сипосгузорӣ кард", — гуфта мешавад дар иттилоъияи ВУД ҶТ.

"Мо ҳамкориамонро дар заминаи ислоҳоти милиса дар Тоҷикистон идома медиҳем ва ҳамеша омода ҳастем дар ин замина ёрӣ кунем", — гуфтааст Туула Юрёля.

Встреча министра МВД Таджикистана с генеральным секретарём Интерпол - Sputnik Тоҷикистон
Сипосгузорем: Раҳимзода дабири кулли Интерполро ба Тоҷикистон даъват кард

Дар ин дидор ёдоварӣ шуд, ки дар чорчӯби ислоҳоти милиса се санади муҳим — Роҳбурди ислоҳоти милиса дар солҳои 2013 — 2020, Барномаи густариши ислоҳоти милиса ва Нақшаи амалисозии ислоҳот милиса дар солҳои 2013 — 2020 таҳия ва тасвиб шудаанд.

Гуфта шуд, ки дар раванди ислоҳоти милиса Марказҳои санҷишӣ таъсис дода шуданд, ки кормандони милисаро ҳангоми аз як вазифа ба дигар вазифа гузаштан, истихдом шудан, дарёфти дараҷаҳои низомӣ ва ҷоизаҳои давлатӣ аз санҷиш мегузаранд.

Ҳамчунин дар сохторҳои Вазорати умури дохилӣ Шуроҳои иҷтимоъии мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милиса таъсис дода шуданд, ки дар саросари кишвар фаъолият доранд.

Афзун бар ин бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон симати Ҳамоҳангсози миллии ислоҳоти милиса роҳандозӣ гардида ва яке аз кормандони пуртаҷриба онро иҷро мекунад. Ҳамчунин ҳама дафтарҳои кории мақомоти умури дохилӣ дар саросари кишвар бо дурбин муҷаҳҳаз шуда, "телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ" ва "телефонҳои боварии сардорони РВКД" ва вебгоҳи расмии ВКД ба се забон роҳандозӣ шудаанд.

Таъкид шуда, ки ВКД ҶТ бо созмонҳои байналмилалӣ низ ҳамкории танготанг роҳандозӣ карда ва тарҳҳои густардае дар заминаи муқобила бо зӯроварӣ дар хонаводаҳо ва мубориза бо одамфурӯшӣ иҷро мекунад. Ҳамчунин ниҳоди калонтарӣ, нозирони минтақаӣ ва хадамоти сагдориро бозсозӣ карда ва барномаҳои омӯзишӣ барои кормандону афсарон баргузор мекунад.

Яке аз коромадтарин барномаҳое, ки ВУД Тоҷикистон дар раванди ислоҳоти милиса анҷом додааст, роҳандозии сомонаи "Шаҳри амн" аст, ки дар ҳамкорӣ бо Чин ба кор андохта шудааст.   

Лентаи хабарҳо
0