05:39 15 декабри 2017
Пахши мустақим
Муовини аввали вазири корҳои дохилӣ Абдурахмон Аламшозода

Абдураҳмон Аламшозода: амалиёт алайҳи ҳоҷӣ Ҳалим бобарор буд

© МИД РТ
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
43920

Муовини вазири корҳои дохилӣ Абдураҳмон Аламшозода гуфт, ки ҳайати шахсии Воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ то ба имрӯз ба савганди худ содиқ буда, дар мубориза бо ҳама гуна унсурҳои ҷиноятпеша пешсафанд

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВКД, дирӯз ба муносибати таъсисёбии Воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД дар маҷлисгоҳ ҷаъомад баргузор шуд.

Дар ин ҷамъомад роҳбарияти Вазорат, масъулини ҷузъу томҳои мақомот ва ҳайати шахсии Воҳидҳои таъиноти махсус ширкат ва суханронӣ карданд.

Муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ Абдураҳмон Аламшозода гуфт, ки ҳайати шахсии Воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ то ба имрӯз ба савганди худ содиқ буда, дар мубориза бо ҳама гуна унсурҳои ҷиноятпеша пешсаф мебошанд.

"Далели возеҳи ин гуфтаҳо амалиёти бобарор алайҳи дастаи ҷинояткори Назарзода Абдуҳалим (ҳоҷӣ Ҳалим) мебошад, ки моҳи сентябри соли 2015 дар дараи Ромит доир гардид ва хизматчиёни Воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД дар рафти он ҷасурию чолокӣ нишон доданд. Ҳарчанд дар натиҷаи ин амалиёт 6 нафар кормандони Воҳидҳои таъиноти махсус ба ҳалокат расиданд, вале онҳо тавонистанд бо сипар намудани тани хеш аъзои ин гурӯҳи террористиро безарар гардонида, дар расидан ба оромиву осоиштагӣ дар кишвар нақши назаррас гузоранд. Хотираи ин шаҳидони роҳи озодӣ ҳамеша дар ёди мо хоҳад монд", — афзуд Абдураҳмон Аламшозода.

Аламшода афзуда, ки имрӯз ба ҷуз аз пойтахт, ҳамчунин ҷузъҳои Воҳидҳои таъиноти махсус дар ВМКБ, вилояти Суғд, шаҳрҳои Қӯрғонтеппаву Кӯлоби вилояти Хатлон, минтақа ва ноҳияи Рашт самаранок фаъолият мебаранд ва ҳамаи онҳо бо тамоми шароити мусоиди хизмат ва техникаву лавозимоти зарурӣ таъмин мебошанд.

Барои машқгузаронӣ ва такмили ихтисосу маҳорати ҳайати шахсӣ, дар дараи Ромити шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд ва минтақаи Рашт машқгоҳу марказҳои таълимӣ фаъолият мекунанд, ки бо тамоми шароити лозимӣ муҳайё мебошанд.

  • Тақдими Сипоснома ба кормандони ВКД
    Тақдими Сипоснома ба кормандони ВКД
  • Худравҳои ВКД
    Худравҳои ВКД
  • Барномаи фарҳангӣ ба муносибати таъсисёбии Воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД
    Барномаи фарҳангӣ ба муносибати таъсисёбии Воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД
1 / 3
Тақдими Сипоснома ба кормандони ВКД

Ҳамчунин, ба ин муносибат бо Фармони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор хизматчиёни Воҳидҳои таъиноти махсус Ифтихорномаву Сипосномаҳо, нишонҳои сарисинагӣ ва рутбаҳои навбатӣ дода шуд.

Мавзуъ

КДАМ: писари Кабирӣ ба “Ҳоҷӣ Ҳалим” $1.2 миллион додааст
ВАО: рӯбарӯкунии шарики Ҳоҷӣ Ҳалим бо Муҳаммадалӣ Ҳайит
Қадрдонии иштирокдорони амалиёт алайҳи Ҳоҷӣ Ҳалим
Барчаспҳо:
ҷамъомад, ВКД-и Тоҷикистон, Абдураҳмон Аламшозода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ