05:31 15 декабри 2017
Пахши мустақим
Ҷангафзор, акс аз бойгонӣ

Русия ба Тоҷикистон ҷангафзорҳои пешрафта медиҳад

© Sputnik / Василий Батанов
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
118 0 0

Дар чорчӯби барномаи навсозии ҷангафзорҳои нерӯҳои падофанди ҳавоӣ-кайҳонии кишварҳои ҳамсуд (ИДМ) ҳамчунин бунгоҳи оптикӣ-электронии "Окно" низ муҷаҳҳаз хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Русия ба Тоҷикистон ҳавопаймоҳои ҷанганда ва ҷангафзорҳои падофанди ҳавоӣ хоҳад дод, гуфта мешавад дар иттилоъияи Дафтари таҳлилӣ-иттилоъотии Кумитаи иҷроии Иттиҳоди давлатҳои мустақил.

Гуфта мешавад, ки ин ҷангафзорҳо дар чорчӯби барномаи навсозии ҷангафзорҳои нерӯҳои падофанди ҳавоӣ-кайҳонии кишварҳои ҳамсуд (ИДМ) ба Тоҷикистон таҳвил дода мешаванд.

Ҳамчунин дар чорчӯби ҳамкориҳои низомӣ-фаннӣ қарор шуда, ки ҷангафзорҳои падофанди ҳавоӣ навсозӣ ва муддати баҳрабардорӣ аз онҳо дарозтар карда шавад. Аз ҷумла қарор аст, ки нерӯҳои падофанди ҳавоии кишварҳои ҳамсуд ҷангафзорҳои навини ҳавоӣ ва кайҳонӣ ва сомонаҳои худкори идора дарёфт кунанд.

Дар чорчӯби ин барнома Русия ба Арманистон ва Белорус афзорҳои эҳтиётӣ, ба Қазоқистон ҷангафзорҳои падофанди ҳавоӣ, ба Қирғизистон дастгоҳу афзорҳои иртибототӣ ва ба Тоҷикистон ҳавопаймоҳои ҷанганда ва падофанди ҳавоӣ таҳвил хоҳад дод.

Ҳамчунин  қарор аст, ки бунгоҳи оптикӣ-электронии фаробинии кайҳонӣ "Окно" дар Норак низ бо дастгоҳу афзорҳои нав таҳҷиз шавад.

Мавзуъ

Русия, Тоҷикистон ва Қирғизистон сомонаи муштараки падофанди ҳавоӣ созмон медиҳанд
Русия ба Тоҷикистон чархболҳо ва ҳавопаймоҳои зиёд медиҳад
Барчаспҳо:
падофанди ҳавоӣ, Окно, кишварҳои ҳамсуд, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ