05:32 15 декабри 2017
Пахши мустақим
Министр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Аслов, архивное фото

Сироҷиддин Аслов: ҷангҷӯён аз Афғонистон ба Тоҷикистон таҳдид мекунанд

© Sputnik / Михаил Воскресенский
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
84 0 0

Дар Тоҷикистон аз густариши фаъолиятҳои теруристӣ дар марзҳои ҷанубии кишвар нигаронӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов аз шиддат ёфтани фаъолияти гурӯҳҳои ифротӣ ва ҳаросафкан дар Афғонистон нигаронӣ кард.

Вай ин нигарониро дар суханронии худ дар нишасти Шурои вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Созмони амнияту ҳамкории Урупо (САҲА) дар Вена изҳор кард.

"Шӯришу ошӯбҳои нерӯҳои ифротӣ дар Афғонистон ва ҷамъ омадани ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ" дар шимоли он кишвар таҳдиде на танҳо ба суботу амният дар Тоҷикистон, балки ба марзҳои ҷанубии САҲА низ ҳастанд", — гуфт Аслов.

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон афзуд, ки Душанбе ҳамвора хоҳони барқарории сулҳу суботу амният ва ободонӣ дар Афғонистон будаву ҳаст.

Вай ҳамчунин умедвор шуд, ки Афғонистон низ ба равандҳои ҳамгароии тиҷориву иқтисодии минтақа ҳамроҳ шавад.

Мавзуъ

Афғонистон аз Русия ёрӣ хост то ДОИШ-ро саркӯб кунад
Башор Асад дар бораи пирӯзӣ бар ДОИШ: мардуми Сурия аз Русия сипосгузор аст
Дар Афғонистон мардум худ ба ҷанг бо ДОИШ бархост
Шералӣ Мирзо: Нерӯҳои мусаллаҳи ҶТ тавони пас задани ҳамлаи ДОИШ-ро доранд
Барчаспҳо:
ҳаросафканӣ, ифротгароӣ, ВУХ ҶТ, Сироҷиддин Аслов, ДОИШ, Афғонистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ