00:04 17 январи 2018
Пахши мустақим
Аждар Куртов, архивное фото

Коршинос: Афғонистон ва ислоҳоти ИДМ мавзуъҳои аслии нишасти Маскав хоҳанд буд

© Фото: Страница Аждара Куртова в Facebook
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
37 0 0

Аждар Куртов, торихдон ва коршиноси масоили сиёсӣ, сардабири фаслномаи "Масоили роҳбурди миллӣ", барномаи кори нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои ҳамсуд дар Маскавро тавзеҳ дод

ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Ин коршинос мегӯяд, ки дар ин нишаст, ки дар наздиктарин рӯзҳо баргузор хоҳад шуд, вазъ дар Афғонистон ва ислоҳоти сохтори Иттиҳоди давлатҳои мустақил ё кишварҳои ҳамсуд мавзуъҳои аслӣ хоҳанд буд.

"Ин иттиҳодия, ки дар соли 1991 ташкил шуда буд, дар ин ҳама сол коромадияшро собит карда ва кишварҳои узваш хостори нигаҳдории он ҳастанд", — мегӯяд Куртов.

"Ба эҳтимоли наздик ба яқин, дар ин нишаст мавзуъи ислоҳу беҳинасозии сохтори ин иттиҳодия матраҳ ва баррасӣ хоҳад шуд. Ба ин далел, ки замоне, ки ин иттиҳодия ташкил мешуд, қарор бар ин буд, ки он созмони чандкора хоҳад буд, ки дар чандин замина фаъолият хоҳад кард. Аммо таҷруба нишон дод, ки на ҳама кишварҳо мувофиқанд, ки дар ҳама заминаҳо танготанг ҳамкорӣ кунанд", — тавзеҳ дод Куртов.

Ба гуфти вай, бисёре аз пешниҳодҳо барои ислоҳи сохтори ИДМ коҳиши тайфи равобит миёни кишварҳои узв ва тамаркуз додани ҳамкориҳо дар чанд заминаи мушаххасро дар назар доранд.

Ин коршинос ҳамчунин печида шудани вазъ дар Афғонистонро тавзеҳ дод.

"Кашмакаш миёни давлати марказӣ ва ҳукумати вилоятҳо пайомади суст шудани марказ ва нерӯ гирифтани тамоюлҳои ҷудоихоҳонаест, ки чандин даҳсола боз дар Афғонистон вуҷуд доранд. Дар вилоятҳои шимолии он кишвар гурӯҳҳои мусаллаҳе шакл гирифтаанд, ки аз афроди бонуфуз дар он маҳаллҳо фармонбардорӣ мекунанд", — гуфт Аждар Куртов.

Ба гуфти ин коршинос, чунин вазъе наметавонад кишварҳои Осиёи Марказиро нигарон накунад, зеро онҳо хостори сулҳу субот дар кишварҳои ҳамсояашон ҳастанд.

Нооромӣ дар кишвари ҳамсоя ин кишварҳоро водор мекунад, ки ҳазинаҳои низомияшро барои таъмини амнияту субот бештар кунанд, ки бар иқтисодашон таъсири манфӣ мерасонад.

Мавзуъ

Куртов: Душанбе ва Тошканд мехоҳанд марзро бе гузашт таъйин кунанд
Куртов: ҳалли масоили марзӣ барои Тоҷикистон ва ҶУ душвор хоҳад буд
Барчаспҳо:
кишварҳои ҳамсуд, амният, Аждар Куртов, Афғонистон, ИДМ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ