12:55 16 январи 2018
Пахши мустақим
Дидори сардори милиса бо фаъолони Хоруғ

Аз мошинҳои берақам то силсиладуздиҳо: мулоқоти полковник бо фаъолону халифаҳои Хоруғ

© Фото: Аз ВКД
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
148940

Дар ин мулоқот ҳаракати воситаҳои нақлиёт бе рақамҳои қайди давлатӣ ва оинаҳои сиёҳкардашудаву танбашавӣ дар назди бозори марказии шаҳри Хоруғ ва марказҳои калони савдо баррасӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik.  Дар толори Раёсати ВКД дар ВМКБ вохӯрии сардори Раёсат полковники милитсия  Мансур Бухоризода бо нозирони минтақавии милитсия, аҳли ҷамоатчигӣ, раисони маҳаллаҳо, халифаҳои шаҳри Хоруғ баргузор гардидааст.

Дар ин бора равобити умумии Вазорати корҳои доилии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ин дидор Бухоризода иштирокдорони вохӯриро бо вазъи сиёсӣ ва мавқеъи ҷуғрофии  Тоҷикистон ва алалхусус ВМКБ ва бо дигар кишварҳо ҳамсарҳад будани онро шарҳу тавзеҳ дода, қайд намудааст, ки "Бадахшон бо давлати Афғонистон 910 км ҳаммарз буда, вақтҳои охир вазъи ноором ва даргириҳои дохилии он моро водор менамояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем".

Вай ҳамчунин мазмуну муҳтавои Паёми Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Оллӣ  ба мардум фаҳмонидааст.

Бухоризода ҳадафи аслии дидорро дар ҳамкорӣ бо тамоми қишрҳои ҷомеа пешгирӣ намудани содиршавии ҷинояткорӣ ва амалҳои ғайриқонунӣ маънидод намудааст.

Сардори Раёсат инчунин қайд намудааст, ки масъулияти таълиму тарбияи фарзандон аз тарафи баъзе волидон дуруст ба роҳ монда нашуда истодааст ва аз силсиладуздиҳо дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Роштқалъа мисолҳо оварда, қайд кардааст, ки ба дуздиҳои содиршуда донишҷӯён даст задаанд.

"Масъалаи дигари вохӯрии мазкур ин ташвишовар будани ҳаракати воситаҳои нақлиёт бе рақамҳои қайди давлатӣ ва оинаҳои сиёҳкардашуда ва танбашавӣ дар назди бозори марказии шаҳри Хоруғ ва марказҳои калони савдо буда, воситаҳои нақлиёти ёрии таъҷилӣ ва оташхомушкунӣ наметавонанд сари вақт ба ҷойи лозимӣ расанду одамеро аз марг ва хонаеро аз коми оташ наҷот диҳан", — омадааст дар хабарнома.

Дар вохӯрӣ ва сӯҳбати озод байни раисони маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ, халифаҳо ва дигар фаъолони шаҳр ҷиҳати ҳамкории мақомоти милитсия бо аҳли ҷамоатчигӣ баҳри пешгирии ҷинояткорӣ ва дигар амалҳои зишти ҷомеа изҳори омодагӣ кардаанд.

Барчаспҳо:
дидор, мулоқот, ВКД-и Тоҷикистон, Ғоиб Бухоризода, ВМКБ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ