Сафири Тоҷикистон: Эрон кишвари бародару дӯстамон аст

© SputnikФлаги Ирана и Таджикистана, архивное фото
Флаги Ирана и Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эрон хостори густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар заминаи табодули иттилоъот миёни созмонҳои амниятии ду кишвар дар мубориза бо гурӯҳҳои теруристӣ шуд

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон Неъматулло Эмомзода ва дастёри вижаи раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон дар умури байналмилал Ҳусайн Амирабдуллоҳиён чанде пеш дар Теҳрон дурнамои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Эронро баррасӣ кардаанд.

Ба гузориши хабаргузории Маҷлиси Шурои исломии Эрон, сафири Тоҷикистон дар ин дидор Эронро “кишвари дӯсту бародар” хонда ва гуфта, ки ҳамвора равобити пойдору бародарона миёни ду миллат барқарор буда ва набояд иҷоза дод душманон рахнае дар ин дӯстӣ эҷод кунанд.

“Бистарҳои фаровоне дар заминаҳои гуногун барои ҳамкории ду кишвар вуҷуд дорад, ки бояд бо барномарезии дақиқу дуруст аз он баҳрабардорӣ кард ва сатҳи муносиботи ду кишварро баландтар бардошт”, — гуфтааст Эмомзода ва хостори суръат бахшидан ба раванди иртиботот миёни Душанбе ва Теҳрон шудааст.

Президент Ирана Хасан Рухани, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Руҳонӣ: Эрон омода аст дар мубориза бо теруризм ба дигар кишварҳо кумак кунад

Сафири тоҷик ҳамчунин бар иҷроӣ шудани тавофуқҳо ва сармоягузориҳои муштарак дар бахшҳои нерӯву обу кишоварзӣ ва тавсеъаи санъати гардишгарӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон таъкид кард.

Амирабдуллоҳиён низ бо таъкид бар иштирокоти фарҳангӣ ва торихии ду миллат гуфт: “Иртибототи торихӣ ва забони муштарак пуштивонаи устуворе барои тавсеъа ва густариши муносиботи сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ миёни ду кишвар фароҳам овардааст, ки бояд дар ростои манофеъи мардуми Эрону Тоҷикистон аз он баҳра бурд”.

Вай бо ишора ба талошҳои душманон барои эҷоди тафриқа миёни миллатҳои мусулмони минтақа гуфт: “Ҳамвора душманон ба дунболи эҷоди фосила миёни ду кишвар ҳастанд, ки бояд бо тадовуми гуфтугӯ ва ройзаниҳо миёни мақомоти олирутбаи Эрону Тоҷикистон аз таҳаққуқи ниятҳои бади душманони ду кишвару ду миллат ва бурузи “севум бардоштҳо” ҷилавгирӣ кунем”.

Амирабдуллоҳиён ҳамчунин бар аҳамияти густариши ҳамкориҳои иттилоъотӣ миёни созмонҳои амниятии ду кишвар дар мубориза бо гурӯҳҳои теруристӣ дар минтақа таъкид кард.

Лентаи хабарҳо
0