00:25 18 августи 2017
Пахши мустақим
Социальная сеть Фейсбук, архивное фото

Маҳдудияти озодии баёнро дар Тоҷикистон ба Украина рабт медиҳанд

© Flickr/ Franco Bouly
Мурури матбуот
Гирифтани линки кӯтоҳ
710

Дар ҷумҳурӣ раванди гусатариши маҳдудияти расонаҳо дар ҳоли рушд аст, мегӯянд хабарнигорон. Омбудсмени тоҷик бошад, ба ин нуқта розӣ нест ва иддао дорад, ки худи журналистон меъёрҳои касбиро риоя намекунанд.

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Бештар шудани маҳдудияти озодии баён дар ВАО-и Тоҷикистон ба ҳаводиси Украина алоқаманд аст, иттилоъ медиҳад РИА Новости дар такя ба суханони раиси Анҷумани миллии васоити ахбори оммаи Тоҷикистон (АМВАОТ) Нуриддин Қаршибоев.

Айни замон дар Душанбе конфронси дурӯза дар бораи вазъи озодии матбуот, ки рӯзи гузашта оғоз гардида буд, идома дорад. Аснои нишаст масоили марбут ба озодии сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоии ВАО баррасӣ мешавад.

"Тайи ду соли ахир дар Тоҷикистон вобаста ба воқеаҳои Украина ва "Баҳори араб" бештар шудани маҳдудиятҳо дар самти озодии баён ба назар мерасад. Мақомоти давлатӣ ба фишори бевоситаи матбуот даст заданд",- изҳор дошт Қаршибоев.

Тибқи иттилои Радиои Озодӣ, сарвари АМВАОТ қайд кард, ки дар кишвар маҳдудияти дастрасӣ ба интернет ва дигар манбаи ахбор эҳсос мешавад, ҳарчанд кафолати дастрасӣ ба онро қавонини дохилӣ ва байнулмилалӣ додаанд.

"Дар Тоҷикистон бо дастури як одам дастрасӣ ба ҳамаи сомонаҳо масдуд мегардад",- гуфт Қаршибоев. Ӯ дар ин маврид ба моҳи октябри соли равон ишора кард, ки беш аз садҳо сомона баста шуданд.

Аммо Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон (омбудсмени тоҷик) ба рушди озодии баён дар Тоҷикистон бовар дошта, изҳор кард, ки дар бархе ҳолатҳо худи журналистон меъёрҳои касбиро риоя намекунанд ва мушкил эҷод мекунанд, менависад сомонаи  СА-News.

"Мо чунин меҳисобем, ки ҳар гуна маҳдудият дар ростои озодии ВАО тариқи қонунг бояд амалӣ шавад… Вақтҳои ахир бархе аз расонаҳо иттилоъи носаҳеҳу носанҷидаро ба нашр мерасонанд, ки он боиси нақзи меъёрҳои касбӣ мегардад",-афзуд ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон.

Дар ҷадвали (рейтинги) таҳқиқии созмони Freedom House, ки моҳи майи соли равон ба нашр расонид, Тоҷикистон аз ҷиҳати озодии баён дар мақоми 175 қарор гирифт. Дар гузориш ҶТ ба гурӯҳи кишварҳое ворид гардидааст, ки ВАО дар он ҷо озод нест. Соли 2013 Тоҷикистон дар як чунин ҷадвали озодии баён ҷои 172-юмро ишғол карда буд.

Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Украина, баҳори араб, ВАО, озодии баён, омбудсмен, Ализода, Қаршибоев, омбудсмен, Ализода, Қаршибоев, матбуот, Украина, баҳори араб, Тоҷикистон, ВАО

Мавзӯъҳои асосӣ