ВАО: Тазоҳуротҳои оммавӣ дар 120 шаҳри ИМА баргузор мешаванд

© Sputnik / Рамиль СитдиковОдиночные пикеты "Союза африканских студентов" у посольства США в Москве
Одиночные пикеты Союза африканских студентов у посольства США в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бетартибиҳо дар Фергюсон сабабгори сар задани мавҷи эътирозот ва намоишҳои оммавӣ дар шаҳрҳои мухталиф, аз ҷумла Ню-Йорк ва Лос-Анҷелес шуда метавонад. Коршиносон мегӯянд, имкони паҳн шудани намоишҳо дар саросари кишвар вуҷуд дорад.

ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Намоишҳои эътирози алайҳи ҳукми додгоҳ, ки пулисҳоро дар марги як ҷавон аз шаҳри Фергюсон бегуноҳ эълон кард, дар бузургтарин шаҳрҳои Амрико баргузор хоҳанд шуд, иттилоъ медиҳанд расонаҳои амрикоӣ.

"Моҳҳои тӯлонии пур аз хашму сардаргумӣ дар ниҳоят ба сардаргумӣ ва хашми бештар оварда расонид",- менависад нашрияи The New York Times  дар шарҳи қазияи марги Майкл Браун, навраси 17-солаи сиёҳпӯст. Ба навиштаи рӯзнома, оқибати ҳалокати ҷавон аз ҳодисаи маргаш "талхтар" аст.

Ба иттилои нашрия, шоми душанбе аксари сокинони шаҳрҳои Лос-Анҷелес ва Ню-Йорк аз эътирозгарон пуштибонӣ карданд. СВS News мегӯяд, дар намоишҳо беш аз ҳазор нафар ширкат дошт. ВАО-и Амрико дар бораи роҳпаймоиҳои осоишта гузориш медиҳад, аммо The Wall Street Journal навишт, дар шаҳри Окланди иёлати Калифорния эътирозгарон даст ба ошӯб ва харобкорӣ задаанд.

Шоми душанбе дар Ню-Йорк намоиши оммавии сокинон ҳанӯз қабл аз эълони ҳукми додгоҳ дар хиёбони Юнион (Юнион сквер) шурӯъ гардида, то субҳи сешанбе идома кард.

Дар Балтимор ду гурӯҳи фаъолон тасмим доранд то маркази шаҳр роҳпаймоӣ намоянд. "Теъдоди зиёди одамонро шабона ҷамъ кардан аз имкон берун аст, аз ин рӯ рӯзона ин корро анҷом хоҳем дод",- гуфт яке аз фаъолони гурӯҳ аснои мусоҳиба бо The Wall Street Journal. Пулиси Сиэтл аз баргузории чунин намоиши эътирозӣ хабар дода гуфтааст, ки қаблан дар бораи сурат гирифтани эътирози оммавӣ огаҳӣ надоштанд.

Дар Чикаго беш аз 200 нафар одамон гирди ҳам омаданд. Ба навиштаи Chicago Tribune бештари онҳо бо худ силоҳ доштанд, аммо бо полис бархӯрд накарданд.

Дар шаҳрҳои Луисвилл (Калифорния), Топик (Канзас) ва чанд минтақаи иёлати Орегон низ намоишҳои эътирозӣ сурат пазируфт. СNN мегӯяд, дар маҷмӯъ, роҳпаймоиҳои осоиштаро бештар аз 120 шаҳри ИМА ҷонибдорӣ карда, тасмими баргузории онро доранд.

Ёдрас менамоем, 9 августи соли равон Майкл Брауни африқоитабори 18-сола ҳадафи тири пулис Даррел Уилсони сафедпӯст қарор гирифт. Кормандони полис мегӯянд, ки ӯ ҳангоми муқовимат кушта шудааст. Аммо, ба гуфтаи шоҳидон, ҷавони сиёҳпӯст дар ҳоле кушта шуд, ки дастҳояшро боло бардошта ва омодаи таслим шудан буд. Колбадшикофӣ собит кард, ки Браун шаш тир, аз ҷумла, ба сараш ду тир хӯрдааст.  

Лентаи хабарҳо
0