01:44 24 октябри 2017
Пахши мустақим
Таджикские пограничники. Архивное фото

Муаллифи “Ховар”: танқиди неруҳои дифои Тоҷикистон васвасаи шайтон аст

© Sputnik / Хушнуд Рахматуллаев
Мурури матбуот
Гирифтани линки кӯтоҳ
6 0 0

Дар идомаи матлаб, муаллиф аз чанд ҳолати дигари дуздии сарбозон нақл мекунад, ки гӯиё ҳамаи онҳо ба далели гуруснагӣ даст ба ин амал задаанд.

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Як муаллифи Оҷонсии миллии иттилоотии Тоҷикистон — "Ховар", бо исми М.М. Розиқов танқиди неруҳои дифои Тоҷикистонро аз сӯи сомонаи СентрАзия.ру (ЦентрАзия.ру) "васваса шайтон" унвон кардааст.

Зимни ин матлаб, ки дар сомонаи "Ховар" қобили дастрасист, аз навиштаҳои СентрАзия, ки гуфтааст, "Неруҳои Тоҷикистон ҳамоно гуруснаанд", шадидан интиқод карда, онро ғаразнок ва буҳтономез хондааст.

СентрАзия ҳудуди ду ҳафта қабл бо имзои муаллифе бо номи Атоджан Гадоев матлаберо ба нашр расонд ва аз номи сарбозоне, ки дар отряди сарҳадбонии ноҳияи Истаравшан адои хидмат мекунанд, навишт, "сарбозон барои дарёфти ғизо ба манзили сокинон барои анҷом додани корҳои рӯзғор фиристода мешаванд".

"Барои мисол як сарбози нуктаи сарҳадбонии "Қавотоғ"-и ин ноҳия ҳангоми анҷоми ҷинояти дуздӣ дар ҷои ҳодиса дастгир шуд. Ин сарбоз Ваҳобиддин Исматуллоев буд, ки мехост аз амбори як сокини маҳаллӣ маҳсулоти ғизоӣ дуздӣ кунад", — навиштааст муаллифи СентрАзия.

Дар идомаи матлаб, муаллиф аз чанд ҳолати дигари дуздии сарбозон нақл мекунад, ки гӯиё ҳамаи онҳо ба далели гуруснагӣ даст ба ин амал задаанд.

Муаллиф ҳамчунин аз чанд ҳолати дигар ёдоварӣ кардааст, ки фармондеҳон дар ноҳияи Истаравшан сарбозони қаториро барои анҷоми корҳои рӯзғори сокинон ва ба даст овардани ғизо, мефиристодаанд.

Аммо муаллифи "Ховар", ки аз вай М.М. Розиқов, корманди Сарраёсати қушунҳои сарҳадбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ном бурда мешавад, иддао дорад, ки сарбозони тоҷик гурусна нестанд ва афроди номбаршуда низ дар сафи қушунҳои тоҷик адои хизмат намекунанд.

"Дар китоби қайдҳои… ноҳияи Истаравшан касе бо номҳои (дар мақолаи СентрАзия зикршуда) ба қайд гирифта нашудааст. Мақомоти ноҳия мақолаи танқидии Атоджан Гадоевро нисбат ба афсарону сарбозони тоҷик дасисаи ғаразноки душманона  меҳисобанд", — зикр мекунад муаллифи "Ховар".

Розиқов мегӯяд, "бадхоҳони миллати тоҷик аз дастовардҳо ва пешрафту тараққиёти Тоҷикистон ҳасад бурда, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд шаъну шарафи ҷумҳурии моро дар арсаи байналмилалӣ коҳонанд. Барои амалӣ намудани мақсадҳои нопоку ғаразноки худ душманони миллат дасисаю бӯҳтонро пешаи кори худ намудаанд".

Барчаспҳо:
ғаразнок, сарбозони гурусна, интиқод, дуздӣ, Сарраёсати неруҳои сарҳадбонӣ, КДАМ, Атоджан Гадоев, М.М. Розиқов, Истаравшан, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ