05:43 21 августи 2017
Пахши мустақим
Официальный визит В.Путина в Китайскую Народную Республику

Тақвияти сармоягузории Чин ба иқтисоди Тоҷикистон

Пресс-служба Президента РФ
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
14 0 0

Бонки аграрии Чин барои рушди бахшҳои гуногуни иқтисоди 100 миллион доллар қарзи имтиёзнок медиҳад. Дар ин бора аснои мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо раиси бонки аграрии Чин ба даст омадааст.

ДУШАНБЕ, 7 ноя — Радиф Тоҷикистон.  Ин масъала зимни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар бо Лю Шиюй, раиси Бонки аграрии Чин баррасӣ шудааст, иттилоъ медиҳад сомонаи расмии президенти кишвар.

"Ин 100 миллион доллари қарзи Чин  ба се самти асосӣ- сохтмони корхонаҳои саноатӣ, рушди соҳибкории хурду миёна ва савдо, инчунин омодасозии кадрҳо равона мегарданд", қайд мекунад сарчашмаи хабар.

Дар чорчӯби сафараш, субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон бо Сиэ Фучжан, роҳбари устони Хэнан мулоқот кард. "Ҷонибҳо зери созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва саноат имзо гузоштанд, ки бар асоси он дар Тоҷикистон чанд иншооту корхона ба маблағи умумии 800 миллион доллар бунёд мегардад", — менависад сомонаи расмии райисҷумҳури Тоҷикистон.

Тибқи иттилои хадамоти матбуотии президент имрӯз вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва ҳамтои чинии ӯ- Си Тзинпин сурат хоҳад гирифт.

Тайи чанд соли ахир Ҷумҳурии мардумии Чин ба соҳаҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистон сармоягузориашро тақвият бахшид. Табодули амвол миёни Тоҷикистону Чин дар соли 2013 бошад,  беш аз 1, 5 миллиард долларро ташкил дод.   

 

Барчаспҳо:
қарз, Чин, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ